ЭЪЛОН!
Муҳтарам довталабон ва волидайни гиромӣ!
Комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро идома дода, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули ҳуҷҷатҳо, расонидани хизматрасонӣ ва пешниҳоди машварат ба довталабон, ҳамарӯза, аз ҷумла рӯзҳои шанбе ва якшанбе низ фаъолият менамояд.
Довталабон метавонанд барои:
• пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ;
• гирифтани машварат ва маълумоти муфассал;
• ҳалли масъалаҳои марбут ба раванди қабул;
ба Комиссияи қабули Донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Суроға: шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17, бинои №5.
📞 Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 92 865 63 07, 92 732 13 01.
Комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамарӯза дар хизмати шумост!
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳамаи довталабон дар марҳилаи нави таҳсил барору комёбӣ орзу намуда, онҳоро бо самимияти том ба сафи донишҷӯёни Донишгоҳ хайрамақдам мегӯяд!


