ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштироки фаъолона намуда, бо донишу маҳорати баланд сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар даври шаҳрии озмун Ахмедова Дилоро, донишҷӯи курси 1-уми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар номинатсияи «Кӯдакон ва наврасон» ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
Ашрапова Таскина Восидхӯҷаевна, донишҷӯи курси 2-юми факултети мазкур дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Азизиён Зебунисо, донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ ва Усмонова Нозанин, донишҷӯи курси 3-юми ҳамин факултет, дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин, Шодмонова Сунбула, донишҷӯи курси 1-уми факултети молия ва андоз, дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» ҷойи сеюмро касб намуд.
Ба ин муносибат ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ғолибонро ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо ин дастоварди арзишманд самимона табрик намуд.
Зимни мулоқот ректор таъкид кард, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар рушди маънавиёт, баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши муассир дошта, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар он мояи ифтихори донишгоҳ мебошад. Ӯ ба донишҷӯён барои ҳимояи шаъну эътибори донишгоҳ дар даври шаҳрӣ изҳори сипос намуда, барои онҳо дар марҳилаи вилоятӣ барору комёбиҳои нав орзу кард.
Дар фарҷоми мулоқот ректори Донишгоҳ ба ғолибон барои иштироки арзанда изҳори миннатдорӣ намуда, онҳоро ба мутолиаи пайвастаи китоб, рушди дониш ва иштироки фаъолона дар даври минбаъдаи озмун ҳидоят кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like