ДДҲБСТ: МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ СУПОРИДАНИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКАРДАГОНИ ДОНИШГОҲ
22 июли соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими бошукӯҳи супоридани диплом ба хатмкунандагони соли таҳсили 2025–2026 бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ҳамкор, ҳайати профессорону омӯзгорон, волидон ва хатмкунандагон баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ифтитоҳ намуда, ҳамаи хатмкунандагонро ба муносибати хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва соҳиби диплом гардидан самимона табрик гуфт.
Дар маросим муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода низ суханронӣ намуда, хатмкунандагонро бо анҷоми бомуваффақияти таҳсил табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ комёбиҳои нав орзу намуд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Оқилзода Ғайрат, сардори Раёсати адлияи вилояти Суғди Раҳматзода Оятулло, муовини аввали раиси суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷӯрахон, директори Филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тавҳидбонк» дар шаҳри Хуҷанд Раҳмонов Зафар ва директори филиали Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Спитаменбонк» дар шаҳри Хуҷанд Каримов Ҷамшед иштирок намуданд.
Зимни суханронии ректори Донишгоҳ Мӯминзода Ш.А. таъкид гардид, ки рӯзи хатм яке аз муҳимтарин ва хотирмонтарин рӯйдодҳои ҳаёти ҳар як ҷавон буда, натиҷаи заҳмату талош, омӯзиши пайваста ва кӯшишҳои чандинсолаи онҳо мебошад. Қайд карда шуд, ки имрӯз ҷомеа боз як насли ҷавони соҳибмаълумот, соҳибкасб ва ватандӯстро ба оғози фаъолияти мустақили меҳнатӣ гусел менамояд.
Ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки ин рӯз на танҳо иди хатмкунандагон, балки дастоварди ҳайати профессорону омӯзгорон ва волидоне мебошад, ки дар тарбия ва ба камол расидани ҷавонон саҳми арзанда гузоштаанд. Ба омӯзгорон барои фаъолияти содиқона ва ба падару модарон барои дастгирии ҳамешагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён гардид.Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир тадбирҳои муҳиму муассир амалӣ гардидаанд.
Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро дар партави сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Таъкид гардид, ки хатмкунандагони имсола аз нахустин нафароне мебошанд, ки дар толори нави бошукӯҳи Донишгоҳ, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, соҳиби диплом мегарданд.
Дар суханронӣ махсус таъкид шуд, ки диплом на танҳо ҳуҷҷати хатми муассисаи таҳсилоти олӣ, балки рамзи дониш, масъулият, маърифат ва омодагӣ барои хизмати содиқона ба давлату ҷомеа мебошад. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки донишу малакаи андӯхтаи худро барои рушди Ватан, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ бо ҳисси баланди масъулият истифода намоянд.
Зимни ироаи маълумоти оморӣ зикр гардид, ки соли ҷорӣ донишгоҳро аз рӯи 31 ихтисос дар маҷмӯъ 1448 нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 582 нафар дар шуъбаи рӯзона, 117 нафар дар зинаи магистратура ва 749 нафар дар шаклҳои таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона таҳсил намуда, муассисаро бомуваффақият хатм карданд.
Қайд карда шуд, ки хатмкунандагони донишгоҳ дар давраи таҳсил бо иштироки фаъолона дар олимпиадаҳо, озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ дастовардҳои назаррас ба даст оварда, обрӯву нуфузи донишгоҳро баланд бардоштанд.
Аз ҷумла, магистрантон Каримзода Карим, Мирзохоҷаева Умеда, Мутриба Мирпочоева, Меҳрангез Зоҳирова, Рамазонов Мираббос ва Ҳошимова Нодира дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Магистранти сол» ва «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» соҳиби ҷойҳои намоён гардида, ҳамчунин сазовори стипендияҳои номӣ шуданд.
Ҳамзамон, аз дастовардҳои варзишии хатмкунандагон низ ёдоварӣ шуда, махсусан иқдоми ватандӯстонаи гурӯҳе аз хатмкунандагон – Ғафурзода Тоҷиддин, Шероз Файзиев, Амирҷон Қобилов, Садриддинзода Айниддин, Вилоятзода Хайём, Боирбой Турсунов, Дӯстов Ҳикматулло, Абдуллоев Нурмуҳаммад ва дигарон, ки баъди супоридани имтиҳонҳои хатм бо хоҳиши худ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд, ҳамчун намунаи баланди ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат арзёбӣ гардид.
Ректори Донишгоҳ изҳори итминон намуд, ки хатмкунандагони донишгоҳ минбаъд низ бо фаъолияти босамар, дониши мукаммал, масъулиятшиносӣ ва ахлоқи ҳамида дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ширкатҳои ҳамкори Донишгоҳ иштирок доштанд.
Дар идомаи чорабинӣ ба хатмкунандагон дипломҳои хатм супорида шуданд. Зикр гардид, ки имрӯз беш аз 130 нафар хатмкунанда соҳиби диплом гардида, аз ин шумора 87 нафар дипломи аъло гирифтанд.
Баъди анҷоми маросими супоридани диплом барномаи пуршукуҳи адабиву фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва аҳли эҷоди Донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардид, ки ба чорабинӣ ҳусну шаҳомати тоза бахшид.
Маросими тантанавӣ бо гирифтани аксҳои хотиравии дастаҷамъӣ анҷом ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
















































