Иштироки фаъоли намояндагони Донишгоҳ дар лагерҳои тобистонаи байналмилалӣ
Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди барномаҳои табодули академӣ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавсими лагерҳои тобистонаи байналмилалии соли 2026 иштироки фаъолона доранд.
Аз 6 то 24 июни соли 2026 мутахассиси бахши технологияҳои инноватсионӣ Давлятов Анварбек дар барномаи такмили ихтисос, ки дар Донишгоҳи Гдански Ҷумҳурии Полша баргузор гардид, ширкат намуда, дониш ва таҷрибаи худро дар самти технологияҳои муосири таълим такмил дод.
Аз 29 июн то 4 июли соли 2026 9 нафар магистрантони Донишгоҳ дар Лагери тобистона, ки аз ҷониби Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек ташкил гардид, фаъолона иштирок намуда, дар барномаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии он саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳамзамон, аз 1 то 24 июли соли 2026 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Эгамназаров Ҳамза ва омӯзгори забони чинӣ Ризоева Манижа дар Лагери тобистонаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд. Барномаи мазкур имконият фароҳам меорад, ки иштирокчиён донишу малакаи худро дар самти омӯзиши забони хитойӣ, фарҳанг ва густариши ҳамкориҳои академии байналмилалӣ такмил диҳанд.
Тибқи нақша, аз 3 то 8 августи соли 2026 10 нафар донишҷӯёни ДДҲБСТ барои иштирок дар Лагери тобистона ба Донишгоҳи Қӯқони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарбар карда мешаванд. Инчунин, муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносӣ Олимов Дилшод аз 13 июл то 21 августи соли 2026 барои иштирок дар Лагери тобистона ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намудааст.
Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар чунин барномаҳои байналмилалӣ нишонаи рушди ҳамкориҳои хориҷии ДДҲБСТ буда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассус, густариши табодули таҷриба, рушди малакаҳои касбӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












