Намоиши дастовардҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Душанбе

19 июли соли 2026 дар доираи баргузории Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастовардҳои назарраси илмиву таълимӣ, инноватсионӣ ва фарҳангии худро ба маърази тамошо гузошт.

Дар гӯшаи махсуси Донишгоҳ намунаҳои дастовардҳои устодону донишҷӯён, ихтирооту навгониҳои илмӣ, китобу осори илмӣ, маҳсули фаъолияти марказҳои таълимӣ ва имкониятҳои муосири таълимӣ муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон, меҳмонон бо фаъолияти Донишгоҳ дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазир, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои муосири таълим шинос шуданд.
Намоишгоҳи Донишгоҳро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар меҳмонони расмӣ боздид намуда, ба дастовардҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баҳои баланд доданд.
Иштироки фаъолонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ боз як маротиба саҳми муассисаро дар рушди илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва муаррифии имкониятҳои илмӣ ва фарҳангии шаҳри Хуҷанд дар пойтахти мамлакат бозгӯ намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like