ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮИ ДДҲБСТ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ВА УҚЁНУСИЯ
Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳ дар ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо, ки аз 25 то 28 июни соли 2026 дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин баргузор гардид, бо натиҷаи назаррас баромад намуда, шарафи Ватан ва Донишгоҳро дар арсаи байналмилалӣ сазоворона ҳимоя кард.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки бо иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои Осиё ва Уқёнусия баргузор гардид, Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳ маҳорати баланди касбӣ, иродаи қавӣ, омодагии ҷисмонӣ ва рӯҳияи баланди рақобатпазириро нишон дода, дар вазни то 98 килограмм сазовори медали биринҷӣ гардид.
Ба муносибати ин дастоварди арзишманд, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода донишҷӯи муваффақро ба ҳузур пазируфта, бо ӯ суҳбати самимӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки дастоварди Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳ натиҷаи заҳмати пайваста, интизоми баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ буда, барои дигар донишҷӯён намунаи ибрат мебошад. Қайд гардид, ки роҳбарияти Донишгоҳ минбаъд низ ҷиҳати рушди варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулиятҳои варзишӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.
Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳ барои дастгирии ҳамешагии роҳбарияти Донишгоҳ, устодон ва мураббиёни худ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ барои ба даст овардани натиҷаҳои баландтар кӯшиш намуда, баҳри баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.
Ин дастоварди варзишӣ боз як далели равшани таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳ ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарбияи ҷавонони солиму ватандӯст ва омода намудани мутахассисони ҳаматарафа маҳсуб ёфта, мояи ифтихори ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни муассиса мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муҳаммадшоҳзода Нуроншоҳро бо ин дастоварди шоиста самимона табрик гуфта, барояш дар таҳсил, фаъолияти варзишӣ ва мусобиқаҳои минбаъдаи байналмилалӣ пирӯзиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






