Баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Худшиносии миллӣ – омили суботи сиёсӣ»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти илмиву педагогии донишманди шинохта, сиёсатшинос ва муаррих Алиҷон Одинаев конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Худшиносии миллӣ – омили суботи сиёсӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарияти Донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.
Конференсияро ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз муҳимтарин омилҳои таъмини суботи сиёсӣ ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илм, маориф, худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Мӯминзода Ш.А. ҳамчунин аз хизматҳои арзишманди олим, сиёсатшинос ва муаррих Алиҷон Одинаев ёдовар шуда, таъкид намуд, ки фаъолияти беш аз панҷоҳсолаи ӯ дар соҳаи илму маориф, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди илми сиёсатшиносӣ дар кишвар шоистаи таҳсину эҳтиром мебошад. Қайд гардид, ки устод Алиҷон Одинаев дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ саҳми арзанда гузошта, бо фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва илмии худ мактаби илмии хосро ташаккул додааст.
Сипас, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода перомуни фаъолияти назаррас ва саҳми Алиҷон Одинаев дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ иброзииандеша кард. Дар идома, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Шуҳрат Саидзода дар мавзӯи «Бе пир марав, ки дар амонӣ…» маърӯза намуда, аз нақши устод Алиҷон Одинаев дар тарбияи шогирдон, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва рушди афкори илмии ҷавонон ёдовар гардид.
Дотсенти кафедраи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шаропов дар мавзӯи «Муаррих ва ҷамоатпешаи фаъол» суханронӣ карда, фаъолияти илмию ҷамъиятии Алиҷон Одинаевро мавриди таҳлил қарор дода, саҳми ӯро дар рушди илми таърих ва ҳаёти ҷамъиятии кишвар назаррас арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, дотсенти кафедраи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сафаралӣ Эркаев дар мавзӯи «Фаъолияти илмиву педагогӣ ва ҷамъиятии Алиҷон Одинаев» баромад намуда, аз дастовардҳои илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ, корҳои таҳқиқотӣ ва саҳми устод дар омода намудани мутахассисони ҷавон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд З. Зунунхӯҷаев низ зимни суханронӣ аз хислатҳои неки инсонӣ, масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва саҳми устод дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон ёдовар шуда, фаъолияти бисёрсолаи ӯро намунаи ибрат барои аҳли илм ва ҷавонон арзёбӣ намуд. Ҳамзамон чанде аз дӯстону ҳампешагон аз кору пайкор ва фаъолияти назарраси соҳибҷашн ёдоварӣ карданд.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён оид ба масъалаҳои муҳими худшиносии миллӣ, нақши он дар таҳкими суботи сиёсӣ, рушди давлатдории миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони фаъоли ҷомеа мубодилаи афкор намуда, саҳми олимону зиёиёнро дар таҳкими арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба муносибати 50-солагии фаъолияти илмиву педагогии Алиҷон Одинаев аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ва намояндагони муассисаҳои гуногун ба устод табрикоту таҳният ироа гардида, барои хизматҳои шоистааш дар рушди илму маориф, тарбияи мутахассисони ҷавон ва пешрафти ҷомеа арзи сипосу қадрдонӣ баён карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа















