ДДҲБСТ: Ҳамоиши ҷавонон ва маросими қадршиносии ғолибону иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
23 майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии ҷавонон ва маросими қадршиносии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмуну олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишгоҳ, устодону кормандон, донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли муассиса иштирок намуда, ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.
Дар оғози ҳамоиш ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода баромад намуда, таъкид кард, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҷавонон имрӯз дар фазое ба камол мерасанд, ки дар он арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих, худшиносӣ ва ватандӯстӣ дар меҳвари сиёсати давлат қарор доранд.
Ректори Донишгоҳ Мӯминзода Ш.А. таъкид намуд, ки дар ҳамин замина, имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси баланди эҳтиром, сипосгузорӣ ва арҷгузорӣ аз хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ёдовар мешаванд. Ин абармардони миллат аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷастаи сиёсиву таърихӣ мебошанд, ки барои ҳифзи ҳастии миллати тоҷик, ташаккули давлатдории миллӣ ва дифои манфиатҳои мардум дар давраҳои ниҳоят мураккабу сарнавиштсоз хизматҳои бузург анҷом додаанд.
Бо ташаббуси таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки ин шахсиятҳои бузург аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон оварда шуда, бо эҳтироми хоса дар Ватан ба хок супорида шуд. Ин иқдоми наҷиб ва ватандӯстона аҳамияти бузурги сиёсиву маънавӣ дошта, нишонаи арҷгузорӣ ба таърихи миллат, эҳтиром ба фарзандони содиқи Ватан ва эҳёи хотираи таърихии халқ мебошад. Зеро миллате, ки гузаштагони худро эҳтиром мекунад, метавонад ояндаи дурахшон бунёд намояд.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои онҳоро қадр намуда, барои зинда нигоҳ доштани хотираи онҳо тадбирҳои муҳим амалӣ намуданд.
Барои ҷавонони имрӯза омӯзиши зиндагӣ ва фаъолияти чунин шахсиятҳои таърихӣ аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Зеро онҳо намунаи олии ватандӯстӣ, садоқат ба миллат, ҷасорат, иродаи қавӣ ва хизмати фидокорона ба Ватан мебошанд. Ҷавонони мо бояд аз чунин чеҳраҳои таърихӣ ибрат гирифта, бо эҳсоси баланди миллӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва муҳаббат ба Ватан дар роҳи ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд, иброш намуд роҳбари Донишгоҳ.
Таъкид гардид, ки имрӯз рисолати ҷавонон танҳо омӯзиш ва касбомӯзӣ нест, балки ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат ва идомаи роҳи созандаи бузургони Ватан низ мебошад. Зеро ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонони худогоҳу ватандӯст қарор дорад.
Зикр гардид, ки ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида дар самтҳои илм, ихтироъкорӣ, барномасозӣ, фарҳанг ва варзиш ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд.
Аз ҷумла, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар донишҷӯёни донишгоҳ Комилӣ Ҳилолахон мақоми аввал, Ислом Абдураҳимов, Ҷалилова Сабина, Абдуматин Мамадҷонов ва Маликахон Олимова ҷойи дуюм, Мадина Комилова, Юсуфзода Мӯътабар, Розиқзода Сироҷиддин, Акбарҷон Сатторов ва Раҳмия Каримова ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
[12.03.08 13:22] Мунзифахон Атамуллаева: Ҳамчунин, дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон”, “Беҳтарин донандаи Конститутсия”, “Беҳтарин барномасоз” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, як қатор донишҷӯён ба даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” роҳхат гирифтанд.
Дар баробари ин, варзишгарони Донишгоҳ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, Донишгоҳро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳ зимни суханронии худ ҷавононро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз худ намудани технологияҳои нав, забонҳои хориҷӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ даъват намуда, таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим доранд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ гирандагони Стипендияи раёсати Донишгоҳ барои соли таҳсили 2025–2026 бо Шаҳодатнома ва стипендияи раёсати Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишии бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Диплом, медал, Сипоснома, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ тақдим гардид.
Инчунин, ба чанде аз ҷавонони фаъоли Донишгоҳ дафтарчаҳои аъзогии ҳизбӣ супорида шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш бори дигар таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат бояд бо донишу маърифат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаи худ дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Чорабинӣ бо барномаи адабиву фарҳангӣ анҷом ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





















