Тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ

Чи хеле, ки ҳамаи мо медонем ҷавонон  қувваи  бузург ҳастанд ва ҳар миллат  дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз  ин  рў, онҳо  дар кадом муҳите, ки  ба воя  расанд, мувофиқи он  дар ҷомеъа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рўҳияи  ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия  ёбанд. Имрўз масъалаи тарбияи ҷавонон  дар мадди назари  ҳукумати  кишвар  қарор дорад.

Мо андеша дорем, ки ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Русия, яъне кишвари муҳоҷирати корӣ, бо роҳи найранг ва сардаргумӣ шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ мегарданд. Онҳое, ки ба ҷангҳо ҷалб мешаванд, бештар аз роҳи шабакаи ҷаҳонии интернет ин ақидаҳоро пайдо ва сафари худро ба Сурия тавассути мубаллиғони ҷиҳод танзим мекунанд.

Аз Русия ҷалб кардани ҷавонон, бахусус онҳое, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар омадаанд, барои гурӯҳҳои ифротӣ нисбатан осон даст медиҳад. Барояшон пардохти маблағ ва имтиёзҳое ваъда медиҳанду бо фиребу найранг ҷавононро ифротгар месозанд. Ин гуна гурўҳҳо бисёранд ва чӣ бояд кард?

Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале қувваро танҳо  дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан  мумкин аст.  Бинобар ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки бо ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ фаъолиятҳои ниҳодҳои давлаӣ ва ғайридавлатиро ба хотири  беҳбудии вазъи ҷавонони имрўз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, рушд диҳем. Таълиму тарбияи ҷавонон  дар рўҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдустӣ ва арзишҳои демократӣ  бояд  дар Ҳукумат ва ҷомеъа мавқеи авалиндараҷа дошта бошад.

Масалан, агар  як ҷавони тоҷик  дар мусобиқаи байналмилалӣ мақоми ифтихориро касб кунад ва бо медал ё  ҷоиза  ба Ватан баргардад, ҳатман, ки истиқболи гарми ҳамватанонро дида, дигар ҷавонон  низ  аз ў пайравӣ мекунанд ва ба  ин восита худро  ба  варзиш  бахшида,  фикри ба дигар гурўҳҳои  номатлуб ҷалб шуданро  фаромӯш мекунад.

Мо мехостем дар охир ба ҳамаи падару модарон таъкид карда гўям, ки бояд ба тарбияи фарзандон аҳамияти махсус диҳанд нагузоранд, ки беҳуда дар фарзандонаш ба кучаю дигар чойҳо вақти худро гузаронанд. Ба доми гуруҳҳои ифротӣ ҳамроҳ нагарданд.

Турсунова С.С. – коргузори кафедраи

 ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ

 

 

 

You might also like