ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ ДАР ДОИРАИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Шоми имрӯз, 7 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор аз сулҳу суботи давлату миллат, ташвиқи арзишҳои миллӣ ва дӯстӣ дар миёни ҷавонон роҳандозӣ шуда, бо ширкати васеи донишҷӯён ва меҳмонони олимпиада баргузор гардид.
Донишҷӯёни фаъол ва боистеъдоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои иштирокчиёни олимпиада барномаи фарҳангии иборат аз сурудҳои ватандӯстонаро манзур намуданд.
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 7 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, дар он 490 донишҷӯ аз 46 муассиса ширкат доранд.





















