Шоми ҷавонӣ» – барномаи фарҳангии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Бегоҳии 03 майи соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо ташаббуси ҳайати волонтёрон, маҳфилҳои дастаи «Пешсаф» ва «Ошёни меҳр»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ҷавонон ҷараён гирифта, иштирокчиён аз барномаи рангину ҷолиб баҳравар гардиданд. Дар доираи барнома сурудҳои зинда, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, барномаҳои фароғатӣ ва дигар намоишҳои фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани завқи фарҳангӣ ва фароҳам овардани муҳити солими фароғатӣ барои ҷавонон арзёбӣ мегардад.
Дар анҷом, омӯзгорон ва донишҷӯён ба ташкилкунандагони чорабинӣ барои баргузории барномаи хотирмон изҳори сипос намуда, чунин иқдомҳоро барои рушди фарҳанги ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





