ДДҲБСТ: Мулоқоти намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳ

29 апрели соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн ва сарходими илмии ҳамин шуъба, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Тоҳир Қамар иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҳамоиш муовинони ректор, роҳбарони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо, муовинони деканҳо ва намояндагони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Мулоқот бо мақсади тақвияти корҳои тарбиявию маърифатӣ миёни аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон ва дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии Барномаи таълиму тарбияи шаҳрвандон барои солҳои 2026–2030 баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Норматова суханронӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва аҳамияти баргузории чунин мулоқотҳоро дар рушди маърифати ҳуқуқии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, меҳмонон оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги шаҳрвандии ҷомеа, шарҳу тавзеҳи муҳтавои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, инчунин истифодаи оқилонаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳои судманд барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мусоидат намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муҳим мебозад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like