Андешаҳои пучи мухолифин

Роҳбари Паймони миллӣ Кабирӣ соли сипаригаштаро, яъне соли 2019-ро соли бедории миллат ҳисобидааст  ва гўё нишонаҳои онро ҳис карда бошад. Гузашта аз  ин муносибати мардумро бо симкортҳо мисоли бедории миллӣ номидааст. Ў чунин мепиндорад, ки дар ин ҳолат гўё  ҳукумат ба ҷайби мардум даст зада бошад, ё ин ки дар ҳолати дигар даст ба ҷайби муҳоҷирони меҳнатӣ мезада бошад.

Ин андешаҳои  бе далелу бе асоси  роҳбари мухолифин  ба ягон чаҳор чубаи адлу адолату инсоф ва нангу номус рост намеояд.  Ин андешаҳо танҳо бўҳтон асту халос. Роҳбари мухолифин  ба рушду пешрафти кишвари азизамон ва кишварҳои ҳамсояи мо дахолат намуда изҳор доштааст, ки кишвари мо ба андешаи ў солҳо қафо монда бошад, ҳатто ба қавли ў аз кишварҳои Қирғизистон, Ўзбекистон ва ҳатто Афғонистонро мисол овардааст, ки  ин таҳлили кардааш гўё бо чашмон пўшида сурат гирифтааст.

Ў  Тоҷикистони ободу озодро нодида гирифта чунин суханҳоро нисбати кишвари биҳиштосои тоҷикон раво дидааст, ки ин андешаҳои ноҷавонмардона мебошад. Роҳбари мухолифин аз боби бедории миллӣ сухан гуфтааст, вале ў дарк накардааст ки миллати бузурги тоҷик доимо бедор буд ва барои гул-гул шукуфии давлатамон дастаҷамъона меҳнат карда истодааст.

Натиҷаи он ҳамин аст, ки ҳадафҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Инчуни Кабирӣ дар раванди сиёсат иброз намудааст, ки ба шумораи аъзоёни мухолифин мисли пештара муҳим набуда, балки барои мо сифат муҳимтар аст.

Ў қайд менамояд, ки гарчанде шомил шудани шахсон ба қатори мо камтар бошад ҳам  шахсоне меоянд ки ҳадафи мушаххас дошта бошанд. Кабирӣ дар навбати худ такя ба ҷавононе мекунад, ки онҳо дар оянда сафи мухолифинро афзун мегардонда бошанд, вале ман андеша дорам, ки танҳо бархе аз ҷавонони гумроҳ аз беақлию бехирадӣ ба сафи онҳо шомил шуданашон аз имкон дур нест.

Аммо ҷавонони банангу номуси кишвар ҳеҷ гоҳ шомили ҳар гуна равияҳои тундрав ва ифротӣ шомил нахоҳанд шуд.  Дар ҷои дигар ишора меравад, ки давлату ҳукумат фазоро чунин сохта бошанд, ки мардум мухолифинро душман хоин ва террорист меҳисобида бошад. Ин ишора хатои маҳз мебошад, зеро ҳанўз ҳодиса ва воқеаҳои даҳшатноки солҳои баъди 90- уми қарни гузашта, ки ба сари мардуми бегуноҳи кишвар мухолифин оварда буданд хуб дар ёд доранд.

Бинобарон мухолифин бо ин корнамои худ ба дили мардум тухми кинаву адоватро кошта буданд. Ба андешаи Кабирӣ захми ҷанги шаҳрвандӣ ва тарс гўё омилҳои беҷуръатии миллати тоҷик бошад, вале баръакс миллати тоҷик тавонист бо роҳбарии марди ҷонфидои тавонист миллати аз дасти мухолифин азиятдидаро аз вартаи ҳалокат озод намоянд.

Роҳбари мухолифин чунин меҳисобад, ки миллати тоҷик дар тўли 500 соли охир дар озодӣ набуду дар муҳоҷират қарор дошт. Ин гуфтаҳои роҳбари мухолифин ягон асоси кофӣ надорад ва дошта ҳам наметавонад. Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки роҳбари мухолифин чунин мепиндорад, ки онҳо корро дар расонаҳои хабарӣ ҷоннок намуда, бо мардум кор кунанд.

Аммо мухолифин бояд дар хотир дошта бшад, ки мардуми имрўз мардуми қарни гузашта набуда, мардуми ҷонфидои ватан, бонангу номус ва ҳимоятгари меҳани аҷдодӣ мебошанд.

Мирзоев А.Н.сармуаллими

кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like