ДДҲБСТ: Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш – фурӯши маҳсулоти ватанӣ
Имрӯз, 29 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш- фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир шуд.
Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Ғайрат Оқилзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода, намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Баҳодурхон Бахтиёрзода, сардори шуъбаи тиҷорати чакана дар ҶСК “Бонки Эсхата” Мубинҷон Қодиров иштирок намуданд.
Дар оғоз, меҳмонон аз гӯшаҳои ба намоишгузоштаи мақомоту ташкилотҳои бонкӣ, ширкатҳои мобилӣ ва пешниҳоди намоишу фурўши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои ватании ТАҚХ «Матин», ҶСП Бонки «Арванд», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП бонки «Имон Интернешнл”, ҶСП «Ҳумо Бонк», Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСК “Алиф Бонк”, ҶСК «Тавҳидбонк», ҶСП «Спитаменбонк», ҶСК “Васл Бонк” , ҶСП “ Индиго Тоҷикистон” ва пешниҳоди намоишу фурўши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои ватании ҶДММ “Файзи Расул”, ҶДММ “Зуҳал”, ҶДММ “Химус”, ҶДММ “Далерон”, ҶДММ “Фаровон-1”, ҶДММ “Фархунда”, ҶДММ «Порсои Хуҷанд», ҶСП ”Сармои Суғдиён”, ҶДММ «Озода Косметикс», ҶДММ ” Амирӣ”, ҶДММ “Шоҳшир”, ҶДММ КМ ТТ “ Таҷпроф”, ҶДММ «Афзали Суғд», ҶДММ «Насиби Ширин», ҶДММ «Кабири Хуҷанд», ҶДММ «Сангинов Саъдӣ», ҶДММ «Амид» ва Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд дидан карданд.
Нахуст, чорабинии мазкурро ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро аз номи роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ ҷиҳати иштирок ба чорабинии мазкур шодбош намуд. Роҳбари Донишгоҳ иброз кард, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҷавонон дар мадди аввал истода, яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату Ҳукумати мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани хатмкунандагон мебошад.
Хушбахтона, имрӯзҳо алалхусус бо дастгириҳои Роҳбари давлат ва роҳбарони муассисаҳои гуногун ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта, бо ҷойҳои кории хуб таъмин шуда истодаанд, ки ин ҳам боиси хушнудию ба пешравии ҷавонон мусоидат мекунад.
Ҳамасола, бо ташаббуси Донишгоҳ, бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон, дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор карда мешавад.
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомўзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон бо беш аз 230 адад корхонаю ташкилот шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Қобили зикр аст, ки дар доираи чунин ҳамкориҳо дар Донишгоҳ равандҳои муосири таълим ҷорӣ гардида, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос, тренингҳо ва семинарҳои амалӣ бо иштироки корфармоён роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин, таъсиси зиёда аз 20 Маркази рушди касбияти кафедраҳо дар назди ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳамкор бо ташкилоту муассисаҳо қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён ва таъмини шуғли онҳо мебошад.
Дар идома, чанде аз роҳбарону намояндагони мақомоту идораҳо аз ҷумла муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, сардори шуъбаи тиҷорати чакана дар ҶСК “Бонки Эсхата” Мубинҷон Қодиров баромад карда, ташкили ярмаркаи мазкурро барои дарёфти ҷойи кории сокинон, махсусан хатмкунандагон саривақтиву зарурӣ арзёбӣ намуданд, инчунин донишҷў хатмкунандаи курси 4 шуъбаи рўзона, ихтисоси кори бонкӣ Каримов Фирдавс дар вақти таҷрибаомўзӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида ба раёсати Донишгоҳ ва маъмурияти бонки ҶСК «Бонки Эсхата» арзи сипос намуд.
Дар ярмарка аз ҷониби беш аз сад корхонаву ташкилот зиёда аз 1200 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардиданд, ки дар натиҷа зиёда аз 80 нафар соҳиби роҳхат шуданд. Музди маоши пешниҳодгардида аз 1000 то 5000 сомониро ташкил медиҳад.
Баргузории чунин ярмарка тӯли чанд сол дар ДДҲБСТ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо ҷалби васеи корхонаву ташкилотҳои ҳамкор доир карда мешавад.
Дар интиҳо, барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомот, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои ҳамкор бо Сипосномаҳои раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














































