«Зўри беҳуда миёнро мешиканад»

Халқи  тоҷик  бузургтарин  зарбулмасал  дорад, ки  «зўри беҳуда  миён  мешиканад». Мўҳтарам  Кабирӣ  ва  тарафдорони  наҳзат  дар  хотир  доред, ҷанги  шаҳвандиро  бо  хотири  «демократи  исломӣ» сар кардед, ки ба мамлакат  10 млн доллари амрикоӣ  зиёни  моддӣ,  1 млн  одамони гуреза, 150  ҳазор  ҳалок  шудагон,  55 ҳазор  ятим  намудан  зиёни  маънавӣ  овардед.  Ба  Шумоён  аз  ҳукумат, парлумон  ҷой  доданд, вале – 4 сентябри  соли 2015  бори дигар  ба  Ватан  хиёнат  кардед.

Имрўзҳо  дар  Аврупо  ба  маблағи  хоҷагони   хориҷӣ  маишат  мекунед  ва  ҳар  гуна  тўҳмату   иғвоҳо овора ҳастед.  Мана  ин  аст, ки касбӣ  «ҳукуматдори»-и  Шумо. Мақсадҳои  хешро  пинҳон  намуда, дар  бораи  «демократия»  сафсатабозӣ  мекунед. Аз он  зарарҳои  моддӣ ва маънавӣ  овардаатон  давлати мо  кўшиш намуда истодааст, ки аз он марҳила  ба  марҳила   раҳо ёфта барои насли ояндаи кишвар шароити беҳтаринро муҳайё намоем.

Мо мардуми тоҷик хушбахтона Пешвои  миллат  дорем  ўро хоҳиши  мардуми  шарифи Тоҷикистон дар райпурсии умумихалқӣ  интихоб  намудааст. Стратегияи миллӣ  дастурамали  рушди  кишвар  аст. Аз  бунбасти  комуникатсионӣ  баромадем,  ба истиқлолияти  энергетика  расидем ва бовари дорам ба амнияти  озуқавориву  саноаткунии  мамлакат  дар муддати наздиктар хоҳем расид.

Тоҷикистон  дар   7 соли  охирин  дар  асраи  ҷаҳон  мақоми  худро пайдо  кардааст. Бо  талошҳои  Пешвои  миллат   солҳои  2018 -2028   «Об  барои рушди уствор»  эълон  шудааст,    аз ин  чашм  напўшед,  баръакс  мардона эътироф кунед. Дар  давраи  Шўравӣ   кишвар  дар  изолатсия буд,  имрўз   бошад озод аст. Миллат  бедор  шуд, ҷавонон  дар  кишварҳои  дунё  таҳсил  мегиранд, фикронии  озод  доранд, вале  гоҳ-гоҳ  ба  фиребҳои Шумо  афтида,  гумроҳӣ  мекунанд,  ки  ин  «хизматҳои  шоёни Шумо» аст.

Мавқеи  зан дар  ҷомеа  ба дараҷаи  аввалин  гузаштааст.  Дар  идоракунӣ  давлат  фаъолона  иштирок  мекунад.  Агаре,  ки  Шумо  ба сари  давлат меомадед, онҳо  аз  хона  намебаромаданд, дар  асри  миёна  зиндагӣ  мекарданд,  ҳиҷобпўш ва ба ғулом  тадбил  мегаштанд.

Хуллас,  биёед,  ба  Ватан  хизмат  кунед,  онро обод  кунед,  дар  интихобот  иштирок  намоед,   бо  ҳар гуна  тўҳмату  иғво  даст  назанед.

Шеронов Б.дотсенти кафедраи

 фанҳои  ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like