Чашми бахил кӯр аст

Вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар даҳасолаҳои охир хеле дигаргун шудааст. Раванди тақсимоти ҷаҳони муосир миёни давлатҳои абарқудрат ва иштирокчиёни нав, ки мехоҳанд дар ин тақсимот иштирок намоян хеле тезу тунд гардидааст. Давлатҳои абарқудрат, ки дар арсаи байналхалқӣ нақши калонро мебозанд, барои нигоҳ доштани мавқеи худ дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳама роҳу воситаҳо истифода бурда истодаанд.

Даҳсолаҳои охир нишон дод, ки барои ҳалли муаммоҳои пайдошуда минёни давлатҳои абарқудрат бахусус дар масъалаи мавқеи геополитикӣ ягонагии сиёсӣ вуҷуд надорад. Муаммоҳои пайдошадаро натанҳо аз роҳи мусолиматомез балки бо роҳи истифодаи қувва, таҳдиду фишороварӣ ва истифодаи иқтидорҳои ҳарбии худ ҳаллу фасл менамоянд.

Бовуҷуди мавқеъгирии СММ оиди ҳалли тамоми муаммоҳои мавҷудбуда бо роҳи гуфтушунид, ҳолатҳои бархилофи меъёрҳои қабулнамудаи байналхалқӣ амалнамудани давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ аз рўи принсипи манфиатҳои миллии худ на аз рўи принсипи амнияти байналхалқӣ амал намудани оҳо низ ба назар бештар мерасад. Дар баробари ин давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ зери шиорҳои «посдории сулҳ» дар ҷаҳон ва таъмини амнияти байналхалқӣ пеш аз ҳама манфиатҳои миллии худро амалӣ намудаистодаанд. Барои мисол мо метавонем вазъи имрўзаи Афғонистонро дида бароем, ки аз соли 2001 инҷониб дар ин давлат неруҳои Паймони атлантикаи шимолӣ (НАТО) барои мубориза бо терроризм ва фуруши ғайриқонунии маводи мухадир мубориза бурда истодаанд. Дар ин мудат мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи коршиносон вазъият дар ин давлат натанҳо ором нагаштааст, балки ин неруҳои иттилоф ҳадафҳои асосии худро амалӣ карда натавонистанд. Яъне дар Афғонистон то имрўз масъалаи терроризм ҳалли худро наёфтааст. Дар баробари ин коршиносон иброз медоранд, ки дар ин давра истеҳсоли маводи мухаддир баракси оне, ки бояд кам шавад ду баробар афзудааст. Ҳол он, ки яке аз роҳои маблағгузории террористонро коршиносон маҳз аз фуруши маводи мухаддир мешуморанд.

Террозм натанҳо дар инмуддат дар Афғонистон несту нобуд карда нашуд, балки он мисли як вирус ба дигар кишварҳои паҳн шуда рафтаистодааст. Террористон дар ин давра қариб буд давлати худро бо номи «Ироқу Шом» ташкил намоянд. Вазъият натанҳо дар Афғонистон балки дар Сирия, Ливия, Яман, Фаластину Изроил ва давлатҳои қитъаи Африқо ҳамоно вазнин ва хатарнок мебошанд.

Ҳамаи ин гуфтаҳои боло шаҳодати он аст, ки оромии давлат пеш аз ҳама дар даст худи ҳамон давлат ва мардуми он мебошад. Зеро дар вазъияти муташаниҷи имрўзаи ин давлатҳо, дар баробари дахолат беруна, пеш аз ҳама худи онҳо низ боис гардиданд. Зеро шахсон ва ё гурўҳое ёфт мешаванд, ки манфиати  худро аз манфиати давлату миллат боло мегузоранд, ки дар натиҷаи он низоъҳои дохили давлатӣ ба вуҷуд меоянд. Аслан дар замони муосир низоъҳои дохили давлатӣ бештар алоқамандӣ доранд ба масъалаҳои сиёсии давлат. Яъне мубориза барои ба даст овардани ҳокимият миёни ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои қонунӣ ва ғайриқонунии  сиёсии  давлат.

Дар ин раванд барои давлатҳои манфиатдор кам дар кам мемонад, ки бо роҳи рехтани равған ба оташ алангаи онро баланд намуда, бо дасти шарвандони худи ин давлат манфиатҳои худро амалӣ созанд.

Дар ин ҷода бояд қайд кард, ки кишвари мо низ як маротиба даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида бо заҳмату ҷонбозиҳои абармандони худ тавонистанд ба Ваҳдати милли расанд. Лекин мутасифона бо вуҷуди ҳамаи он даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандӣ кашидаи миллати мо ҳамоно ёфт мешаванд афроде  гурўҳе, ки бо туҳмату буҳтонҳои худ миёни мардум тухми кинаю адоват мекоранд. Назари мо ин  ТЭТ ҲНИ  ва бо ном  «Паймони миллӣ»  мебошад.

Бо вуҷуди  ҳама дастоварҳои имрўза дар чашми онҳо ягон дастовард ва пешравии кишвар наменамояд. Баръакс онҳо бо андешаҳои бемантиқона  ва ғайриабъективона худ мехоҳанд, ки сари мардумро гаранг кунанд. Дар ин асно бояд зикр кард, ки ба ҷуз аз амалҳои ношоистаи худ намояндаҳои  ТЭТ ҲНИ ва бо ном «Паймони миллӣ»  дигар ягон ҳунари ё коре  надоранд.  Ба таври дигар гўем барои намояндаҳои  ТЭТ ҲНИ ва бо ном «Паймони миллӣ» ин корҳо ба вазифаи ҷонӣ табдил ёфтааст.

Намояндаҳои  ТЭТ ҲНИ ва бо ном «Паймони миллӣ»  ё дигар карда гўем ҳаммаслакони М. Кабирӣ  ва худи ў мехоҳанд худашонро  ҳамчун ғамхори мардум нишон диҳанд. Вале мақсаду ниятҳои нопоки онҳо ва симоии ҳақиқии М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони он кайҳо боз ба  мардум ошкор шудааст ва ҳеҷ ҳоҷати сиёҳро сафед гуфтан нест.

Бояд қайд намуд, ки барои ин қабил шахсон на манфиати давлату миллат балки манфиати шахсӣ, яъне ба даст овардани пул дар ҷои аввал меистад. Лекин дар коре, ки маблағ ҷудо шудааст ҳатман ҳисоботи хароҷот  талаб карда мешавад. Бинобар ин ба ном «ғамхорони мардум», ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд, маълум, ки  на аз ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маош намегиранд, пас барои зиндаги кардан маблағ лозим аст.  Аз ин рў ин шахсон, ки алакай роҳи осони пул кор карданро тавассути сиёҳ кардан ва паст задани давлати хеш ёфтаанд аз ин роҳи худ баргаштани нестанд. Ба ин қабил шахсон  М. Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў дохил мешавад, ки барои онҳо масъалаи баррасишаванда аҳамият надорад. Барои онҳо муҳим он аст, ки номи Тоҷикистонро сиёҳ кунанд, халос.

Бинобар ин онҳо зери ҳар гуна шиорҳои нав мехоҳанд, ки ниятҳои нопоки худро пинҳон карда амалҳои анҷом надодаи худро ба охир расонад. Зеро барои ҳамин онҳоро дар хориҷи кишвар хоҷагонашон нигоҳ медоранд. То он даме, ки нақшаҳои хоҷагони худро ба итмом нарасонанд аз ниятҳои худ бар намегарданд.

Ҳаргиз ин ниятҳои нопоки онҳо амалӣ намешаванд. Зеро мардуми тоҷик ва аз он ҷумла ҷавонон мақсаду ниятҳои нопоки ин дурўябозони  ватани худро медонанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоран, ки чунин бадкирдорон бо ҳамроҳии хоҷагони худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари биҳиштосои мо анҷом диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари рў ба тарақӣ табдил ёфта истодааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рўз аз рўз сатҳи зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда кишвари мо ба дастовардҳои назаррас дар ҳама самт ноил гаштаи истодааст.

Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи 

муносибатҳои байналхалқи ДДҲБСТ

You might also like