Мағзшӯии ҷавонон аз ҷониби гуруҳҳои иртиҷоӣ
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон марказҳои ҷангии дар минтақаҳои мухталифи давлати ҳамсоя Афғонистон тибқи барномаҳои хоҷагонашон ба фаъолият шурўъ намуда, дар ниқоби ислом Тоҷикистонро кишвари кофирӣ ҳукм карда буданд. Аз тарафи дафтардорӣ ва раёсати размандагии ТЭТ ҲНИ гуруҳи махсуси таблиғотӣ таъсис дода шуд, ки онҳо дар байни муҳоҷирон, ки иҷборан дар натиҷаи ҷанги бародаркуш аз маҳали зисти худ берун гардида буданд, оид ба воҷиб будани ҷиҳод ва ҷанг дар Тоҷикистон ҷавонону ноболиғонро мағзшўйӣ намуда, онҳоро барои худкафонӣ ва содир намудани амалҳои террористӣ истифода менамуданд.
ТЭТ ҲНИ изҳори фаъолияти ифротии шахсони муайян бо барномарезии махсуси манфиатхоҳӣ ва ҷаҳонбинии ифротии динӣ амалӣ шуда, онҳо дорои ҳадафҳои сиёсӣ мебошанд. Онҳо ҳаргиз ташкилотҳои динӣ набуда, барои паҳн кардани арзишҳои динӣ ташкил нашудаанд, ин шахсони ифротгаро ва тарзи фаҳмиши ифротии онҳо ҳамчун восита барои расидан ба мақсадҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии худ истифода менамояд. Дар навбати худ, пайравони ин гурўҳ зери таъсири фаҳмиши радикалии худ омодаанд, ки дар роҳи расидан ба мақсади худ аз тамоми воситаҳо истифода намуда, дар ин роҳ ҳама арзишҳоро инкор ва маҳв созанд.
Тибқи созишнома нерўҳои оппозитсионии тоҷик шомили ҷузъу томҳои ҳукуматӣ гашта, истифодаи вижаҳои «оппозитсия», «30-фоиза», «мухолифин» нисбат ба якдигар мамнўъ гардид, то дарди ҷанги шаҳрвандӣ фаромўш гашта, кинаву адоват аз дилу дидаҳо нест бигардад. Аммо дар асл ин тавр нашуд ва бо дастури махфии роҳбарияти ТЭТ ҲНИ гурўҳҳои ҷинояткори ин ҳизб дар ниқоби ислом даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнин зада, корашон гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, ситонидани пул ва қатлу куштори шахсони бегуноҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Баъди чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ безарар гардонидани гурўҳҳои муташакили ҷинояткор аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ, ТТЭ ҲНИ худро бегуноҳ нишон дода, фаъолияташро идома медод ва вонамуд мекард, ки гўё чизеро намедонад.
Имрўзҳо шахсоне, ки мардумро ба гypўҳҳo ҷудо мекунанд ин ҳизби ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ манфиати шахсӣ худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт, ки маҳз ТЭТ ҲНИ мебошанд ки ба монанди Кабирӣ баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки худ мамлакати моро ба низоъву зиддият кашидан меоњанд. Аммо дар миёни аҳолии кишвар хеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва оқибат фано шуда будад.. Дар муддати фаъолияти худ ягон амали хайрро ба манфиати миллат ва ҷомеаи тоҷик анҷом надод.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохўрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.
Бобоев Ҳ.С. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ