Кабирӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон рашкаш меояд!

Агар хоҳем, ки ҷомеаи худро, як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми башарият намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо арзишҳои созандаву замонавӣ ташаккул диҳем.
Нуқтаҳое, ки Кабирӣ дар мусоҳиба ишора мекунад, ҳамагӣ беасос ва муғризонаанд. Ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад. Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобавари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард.

Яке аз ҳуқуқҳое, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст, ки «Ҳеҷ кас набояд дар ғуломи ё ҳолати маҷбурӣ  нигоҳ  дотшта  шавад; ғуломи ва ғуломфурӯши дар ҳамаи навъҳои онҳо манъ аст» аз ин лиҳоз ҳеҷ кас ин ҳуқуқи шахсро ҳеҷ кас наҳоҳад поймол кард.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии шахсият, манзил, ва дахолат накардан ба иҷрои вазифавии коргарони муайян пешбинӣ карда шудааст. Шахс ба ягон мафкура, ҳаракат ва монанди ҳаминҳо, ки баръало ғайриқонунӣ аст, бояд шомил ва аъзо нашавад, ки бе хоҳиши ў ягон нафар ҳуқуқ надорад, ки онро  ба ин мафкураҳои ғайриқонунӣ шомил намоянд.

Мо аҳли кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ ба ҷавонони бо шуури ҷомеаи имрўза муроҷиат намуда таъкид менамоем, ки ҷавонони кишвар шукргузории ин марзу бум, шукргузории сиёсати имрўзаи Сарвари давлат, шукронаи таваҷҷуҳи беназир, ки имрўзу фардои онҳоро дар рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ва пайгирӣ менамоянд, қадами устувор ба сўи ояндаи дурахшон мегузоранд. Онҳо худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар мепиндоранд. Бо дарназдошти ин ҷавонон пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.

Изҳороти Абдувоҳидов М. Р. – котиб

коргузори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ

ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like