ЭЪЛОН!

Маркази тадқиқоти сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи ДДҲБСТ бо мақсади ҷалби ҷавонони фаъоли донишгоҳ озмун барои таъсиси “Клуби Сафирони Ҷавони Иқлим” эълон менамояд.

Ба озмун донишҷӯёне даъват карда мешаванд, ки:

фаъол ва ташаббускор мебошанд;

дониши хуби забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва хитоӣ) доранд.

Ҳамзамон, барои гурӯҳи ташаббускори назди Марказ донишҷӯёне, ки хоҳиши аз худ намудани лоиҳанависӣ доранд ва бо компютер кор карданро хуб медонанд, даъват карда мешаванд.

Довталабон метавонанд барои номнавис шудан ба аудиторияҳои 415 ва 419, бинои №1 муроҷиат намоянд.

Марказ ҳамаи донишҷӯёни ҳавасмандро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

You might also like