ЭЪЛОН!
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2026, таҳти №АП–949, ҷиҳати дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносии ҷавонон, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ ва арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави эҷодӣ, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин баргузор карда мешавад:
оҳангсозӣ (бастакорӣ);
сарояндагӣ;
навозандагӣ;
санъати тасвирӣ;
дизайн.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар се давр баргузор мегардад:
даври гурӯҳҳои таълимӣ – то 1 марти соли 2026;
даври факултетӣ – аз 10 то 12 марти соли 2026;
даври донишгоҳӣ – 1 апрели соли 2026.
Озмун тибқи талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.
Низомнома ва Нақшаи чорабиниҳои озмун, ки аз ҷониби ректори донишгоҳ тасдиқ шудаанд, аз сомонаи расмии шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ дастрас мебошанд:
Ҳамаи донишҷӯён, магистрантон ва докторантони донишгоҳ барои иштирок дар озмуни мазкур даъват карда мешаванд.
📞 Телефон барои тамос:
(83422) 2-25-63
(92) 950-22-12
(55) 290-55-55