ДДҲБСТ: Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон

30 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якуми раиси шаҳри Хуҷанд Ғайбуллозода Хайрулло ифтитоҳ намуда, аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномаи роҳнамо барои рушди устувори кишвар арзёбӣ кард. Номбурда таъкид намуд, ки татбиқи нуктаҳои Паём саҳми фаъол, масъулиятшиносӣ ва иштироки васеи тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавононро тақозо менамояд.

Дар идома муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода Ғулом Ғанӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ баромад намуда, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими қонунгузорӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва нақши ҷавонон дар пешрафти давлату ҷомеа шарҳу тавзеҳ доданд.

Зимни баромадҳо ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, рақамикунонии иқтисод, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва тақвияти арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ хизмат менамояд.

Дар мулоқот инчунин, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода баромад намуда, таъкид кард, ки  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва дорои ҷаҳонбинии муосир, аҳамияти бузург дорад. Ӯ зикр намуд, ки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат кӯшишҳои худро боз ҳам тақвият хоҳанд бахшид.

Роҳбари Донишгоҳ ба меҳмонон барои ҳузур ва ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, ба онҳо Сипосномаҳои раёсати Донишгоҳро тақдим кард.

                           Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like