«Уштура гуфтам ғамзакун, полиза вайрон карду рафт»

(Дар хошияи мақолаи «Барзагове дар хам – хами Файзобод»)

Аз навиштаҷоти Назарзода Носир Ҷобир хулоса баровардан мумкин аст, ки муаллиф ҳамаи паҳлӯҳои сӯҳбати раиси ҳизби хиёнаткору ватанфурӯш, мансабпараст ва дигаре «блогери наврӯида» – Каримзода ки побанди « гранди мамолики хориҷӣ» асту, аз сӯҳбати ӯ муайян гашт, ки ҳамчун думрави Кабирӣ мебошад, андешаҳои худро баён намоем.

Вақте, ки ду хиёнаткор бо забони адабии тоҷикӣ сӯҳбат карда наметавонад, чӣ тавр мо онҳоро тоҷик шуморем. Кабирӣ, ки солҳои зиёд аз маблағҳои хориҷии бадастомадааш истифода мебурд барои маишати худ маҷбур аст, ки бо навохтани доираи хоҷагони худ рақс бикунад. Ӯ маҷбур аст, ки бо шеваю лаҳҷаҳои нимафғониву, нимиронӣ гуфтугӯ кунад агар не …

Агар раиси ҳизби фирорӣ ва «блогер» Каримзода бо дасти худ ва «чашмони нодида»-ашон як бор ба Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи интихобот» назар мекарданд, шояд ин тавр саволгузорӣ намешуд.

Ҳамин хел ашхосоне, ки мисли Кабирӣ, Каримзода бисёр ҷавонони тоҷикро бадоми фиреби худ афтонда, онҳоро бо роҳҳои гуногун ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҷалб карда истодаанд, аз он ҷумла он муҳоҷироне, ки ба Русия фаъолият менамоянд, аз нигоҳи ин хиёнаткорони ватан дур нестанд.

Баъзе ҷавонони аз ҷиҳати дониши сиёсӣ ва гумроҳӣ ба доми ин хиёнаткорон афтода, дар азоб мебошанд ва роҳи ҳалосиро меҷӯянд. Дар ҷанги шаҳрвандӣ гуфтан ба маврид аст, ки ҳизби ТТЭ ҲНИ чӣ қадар ҷавонони тоҷикро барои мақсадҳои нопокашон истифода бурданд ва то ҳозир истифода кардаанд. Ҳамин ҳизби хиёнаткор буд, ки чӣ қадар оилаҳои ҷавонро аз падару модар ва зану фарзандонашон маҳрум сохтанд. Бо шиорҳои дурӯғинӣ худ, ҷавононро раҳгум занонида, бо ибораи халқӣ, яъне «обро лой карда моҳӣ медоштанд». Ҷавонони мо ин фитнаю найрангҳои хоинони миллатро хуб дарк карда истодаанд ва умед ба ояндаи худ ва гул-гулшукуфии Тоҷикистони азизашон боварӣ доранд. Ҷавонони мо дар ҳамаи соҳаҳои ҳоҷагии халқ пешсаф ҳастанд ва пайрави Пешвои миллат мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот озод аст ва шаҳрванде, ки синнаш ба 18 расидааст, дар овоздиҳӣ озодона ширкат варзида метавонад ва ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро дорад.

Кабирӣ, ки бо роҳҳои фиребу найранг ва ваъдаҳои дурӯғ ба интихобкунандагонаш дар вақти интихобот ваъда дода буд, қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот» – ро кайҳо фаромӯш кардааст. Аз гуфтугузорӣ «блогер» – Каримзода ва Кабирӣ маълум мешавад, ки онҳо пешакӣ барои худро намоиш додан ин сенарияро ташкил карданд.

Саволе, дигари ки оиди масъалаи ба Ҷумҳурии халқии Чин додани замин меравад, хулоса баровардан мумкин аст, ки ин масъала низ пешакӣ бо  ҳам ҳамфикр шуда, бо ҳам як мавқеъ ва як дидгоҳ доранд, ба гуфтаашон матраҳ кардаанд. Сари ин масъала ки ду хиёнаткорӣ миллат мехоҳанд, муносибатҳои хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чинро бегона созанд.

Кабирӣ, ки аз мулоҳизаҳои ҳуқуқшинос ҳақиқати ҳолро баён кардаанд, бо хушомадгӯиву лаганбардорию зораю нолаи беинтихо бо ҷалби се хиёнаткорӣ дигаре тоҷик бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис дода буд, ягон эътибори ҷиддӣ дар байни созмонҳои хориҷӣ умуман надорад. Ҳизби ТТЭ ҲНИ–ро ҳамон хиёнаткороне, ки ба ватану миллат хиёнат карда будаанд, дастгирӣ мекунанду халос…

Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки Кабирӣ чанд соле, ки раиси ТТЭ ҲНИ буданаш аз ҳисоби «хоҷагонӣ хориҷиаш» чӣ қадар маблағҳои беҳисоб гирифта, барои мақсадҳои нопокӣ худаш истифода бурда, бо ваъдаҳои беҳисоб дар назди хоҷагонаш дода буд, онро бояд амалӣ мекард, вале Худованди бузург ҳамаи нақшаҳои нопокашро барбод дод.

«Хоҷагони хориҷӣ» ки солҳои тӯлонӣ бо маблағҳои барои Кабирӣ фиристодаашон умедҳои зиёде доштанд ва дар охир он маблағҳоро ҷавобашро пурсидаанд, Кабирӣ натавонист, ки мақсадҳои нопокӣ худ ва хоҷагонашро амалӣ созад. Дар охир мисли саги сӯзанхӯрда худро ба хар сӯ заду, оқибат ба назди хоҷагонӣ худ шармандавор ба сари хам чор зону нишаста ба зораю нола даромад, ки ӯ маҳв насозаду боз як имконият диҳанд.

Умуман он даъвою мусоҳибаҳои пучу беасосӣ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш натавонист, заррае ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъсир кунад, чунки миллати тоҷик бо сарварии Пешвои миллат дар осмони софу беғубор,  оромию тинчӣ ва зиндагии шоиста кору фаъолият намуда, аз хурд то пири рӯзгордида дуогӯи ин мардӣ худодод мебошанд.

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – н.и.ф., дотсенти

кафедри таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like