Хатарҳои нави ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ
Раванди таҳаввулоти Осиёи Марказӣ баёнгари он аст, ки минтақаро ба тадриҷ вориди бозии хатарнок карда истодаанд. Дар вазъияти нави геополитикии ҷаҳон муносибати Русия ва Ғарб (хосса ИМА) тезутунд шуда истодаасту кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, то дар раванди амалигардонии стратегияи сиёсати хориҷии хеш ин омилро ба эътибор гиранд.
Қудратҳои манфиатдор баҳсҳои ҳассоси марзии миёни кишварҳои минтақаро тақвият дода, бо ин роҳ мехоҳанд вазъи сиёсиро ноустувор карда, барои низоъҳои дохили минтақа замина омода намоянд. Ҳар яке аз абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барномаҳои мушаххаси стратегии дарозмуддати худро барои таъмини нуфуз дар Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ кардаанд, вале дар умум маълум нест, ки рушд ва амнияти минтақаро дар назар доранд ё не? Дар айни замон, се барномаи иқтисодии бузургҳаҷм: «Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё» аз ҷониби Русия, «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» аз ҷониби Чин ва «Осиёи Марказии Бузург» аз тарафи Амрико тарҳрезӣ ва амалӣ шуда истодаанд.
Рақобат байни ин қудратҳо барои касб кардани нақши калидӣ дар минтақа ба омили таҳдидкунанда ба амнияти минтақа табдил ёфтааст. Дар аксари лоиҳаҳо манфиатҳои миллию давлатии худи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дараҷаи дувум қарор дорад. Барномаи «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» равобити иқтисодии Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои мухталиф тақвият медиҳад. Лоиҳаи мазкур аз ҷумлаи барномаҳои бузурги иқтисодии Чин маҳсуб ёфта, амалӣ шудани он нақши иқтисодии Чинро дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо куллан тағйир медиҳад. Бартарияти амалии барнома дар он аст, ки ба ғайр аз роҳи мошингард, сохтмони роҳи оҳан низ дар нақша гирифта шудааст, ки кишварҳои минтақаро аз ҷиҳати коммуникатсионӣ пайванд мекунад. Бинобар ин, Чин дар ноором гардидани вазъи минтақа манфиатдор нест, вале рақибони дигар бо ноором кардани вазъи минтақа кӯшиши танг кардани нуфузи иқтисодии Чинро доранд. Чин таъмини амнияти Осиёи Марказиро ҳамчун бахше аз амнияти худ таҳким бахшида, бо хуруҷи Амрико аз Афғонистон нуфузи худро дар минтақа бештар менамояд. Ба назари коршиносон сармоягузорӣ ва таваҷҷуҳи зиёди Чин дар минтақа ояндаи наздик метавонад барои Русия монеаи ҷиддӣ шавад. Ҳадафи Чин, пеш аз ҳама, пайдо кардани нақши калидӣ дар рушди иқтисодӣ ва баъдан, таҳти таъсири сиёсӣ қарор додани Осиёи Марказӣ мебошад. Чин мехоҳад дар чорчӯбаи СҲШ сохтори ҳамгироии иқтисодии минтақавиро таъсис дода, бо ин роҳ кишварҳои ҳамсояро бештар ҷалб кунад, зеро қарзҳои имтиёзноки Чин дар рушди минтақа нақши муҳим касб карда истодаанд.
Дар айни ҳол ҳамкориҳои бисёрсамтаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо Чин ва Русия хеле назаррас буда, таъсиси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё онро собит мекунад.
Тоҷикистон мавқеи ҷуғрофии муносиб дорад, чун аксари манбаҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ аз ин ҷо сарчашма мегиранд ва ин омили муҳим сабаби таваҷҷуҳи кишварҳои бузурги минтақа, давлатҳои ҳамсоя ва абарқудратҳои ҷаҳонӣ чун ИМА, Русия ва Чин ба Тоҷикистон гардидааст. Инчунин, Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тӯлонитарин сарҳадро дорад. Азбаски вазъи сиёсии Афғонистонро пешбинӣ кардан ғайриимкон аст, он ҳамчун манбаи таҳдиди минтақавӣ боқӣ мемонад. Кишварҳои Ғарбӣ ва Амрико новобаста аз эълони таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, ягон кори ҷиддие дар ин самт анҷом надода истодаанд. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда он аст, ки интиқоли қисмати ДИИШ ба марзҳои шимолии Афғонистон оғоз гардидааст, ки вазъи минтақаро мураккаб месозад. Чунин раванд метавонад вазъи кишварҳои ҳамсарҳадро низ ноамн гардонад.
Айни ҳол, абарқудратҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бевосита манфиатҳои стратегии худро пайгирӣ менамоянд ва ба масъалаҳои интегратсионӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ он қадар аҳамият намедиҳанд, баръакс, онҳо сабаби ба вуҷуд омадани нуқтаҳои даргир дар минтақа гаштаанд. Дар айни замон, аксари кишварҳои минтақа дар муқобили падидаи нави хатарнок терроризм ва экстремизм қарор дошта, хатари ба ҳудуди минтақа паҳн гаштани терроризми байналмилалӣ вуҷуд дорад. Зеро иштироки шаҳрвандон дар ҷангҳои дар Сурия ва Ироқ дар сафи ДИИШ вазъи амниятӣ ва идеологиро боз ҳам печидатар кардааст. Бинобар ин, сохторҳои қудратии салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказиро лозим аст, ки дар мубориза бо экстремизм ва терроризм ҳамкориҳои тарафайнро таҳким бахшанд. Аз омилҳои бесуботӣ дар ҳудуди минтақа муштаракан пешгирӣ намоянд, зеро таҳдид ба яке аз ин кишварҳо маънои таҳдид ба тамоми давлатҳои Осиёи Марказиро дорад.
Латипов С.У. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ