Пирӯзии донишҷӯёни ДДҲБСТ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Самбо
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Самбо барои дарёфти ҷоизаи мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиш Усто Устопиров бо натиҷаҳои назаррас ҳунарнамоӣ намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб гардиданд.
Дар ин мусобиқа, ки бо иштироки варзишгарони пуртаҷриба баргузор шуд, панҷ нафар донишҷӯи ДДҲБСТ – Ардашери Ҳамза, Озарахш Ҳомидов, Саймиддин Устопириён, Ҳотамхӯҷа Азимзода ва Шерафкан Султонализода бо маҳорати баланд баромад карда, соҳиби ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардиданд.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа диплом ва медалҳои ифтихорӣ супорида шуда, дастовардҳои онҳо ҳамчун нишони донишу таҷриба, заҳмати мунтазам ва омодагии ҷиддӣ арзёбӣ гардиданд.
Роҳбарияти донишгоҳ изҳор намуд, ки муваффақияти варзишгарон боиси ифтихори ҷомеаи донишгоҳ буда, баҳри рушди минбаъдаи варзиш ва дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод тадбирҳо амалӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




