Коршиносии устоди ДДҲБСТ дар озмуни «100 идея барои ИДМ»
Рӯзҳои 18–21 ноябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон даври ниҳоии озмуни «100 идея барои ИДМ» баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳи баланди дониш, иқтидори зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии инноватсионии худ иштирок намуданд. Ҳузури фаъоли ҷавонони кишвар дар ин чорабинӣ дар партави иштироки сарварони давлатҳои ИДМ дар Саммити 12-ум сурат гирифта, натиҷаи дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ва сиёсати ҷавонон мебошад.
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, гурӯҳи ҷавонон имконият пайдо карданд, ки лоиҳаҳои инноватсионии худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Дар ҷараёни озмун намояндаи Тоҷикистон, мудири маркази ҷалби грантҳо ва кор бо лоиҳаҳои ДДҲБСТ Абдураҳмон Маҳмудов ҳамчун узви Шӯрои байналмилалии коршиносон фаъолият намуд. Интихоби ӯ ба ҳайси коршинос эътирофи сатҳи баланди касбӣ ва илмии мутахассисони тоҷик дар фазои ИДМ арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳои ташкилкунанда аз иштирокчиён ва коршиносони Тоҷикистон барои муаррифии шоистаи кишвар изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ҳузури ҷавонони тоҷик дар чунин чорабиниҳои бонуфуз ба таҳкими мавқеи онҳо дар арсаи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои илмиву инноватсионӣ ва рушди иқтидори зеҳнии мамлакат мусоидати ҷиддӣ менамояд.
Чунин ташаббусҳо минбаре барои боз ҳам равшантар пешниҳод намудани қобилияти эҷодии ҷавонони кишвар буда, нақши Тоҷикистонро дар майдони инноватсия ва андешаҳои созанда дар фазои ИДМ таҳким мебахшанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








