Оғози ҳамкориҳо байни ДДҲБСТ бо Донишгоҳи менеҷменти Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон

Имрӯз, 26 ноябри соли 2025 роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ҳайати намоёни Донишгоҳи менеҷменти Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии расмӣ доир намуд. Ба ҳайат ректори донишгоҳи мазкур доктор Асилбек Кожахметов, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Тазабек Шолпан Оринбасарқизи ва директори филиали донишгоҳ Алена Насирова шомил буданд.
Меҳмононро ректори ДДҲБСТ Шероз Мӯминзода қабул намуда, дар бораи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дурнамои робитаҳои академӣ сухан гуфт. Дар мулоқот инчунин муовини ректор оид ба корҳои таълим Фазлиддинзода Дониш, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ризозода Тура, декани факултети муштарак Бойматова Д.П. ва сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмилалӣ Шарипов К.К. иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳи менеҷменти Алмато Асилбек Кожахметов таҷрибаи худро дар самти магистратураи бизнес-идоракунӣ, ки дар доираи барномаҳои байналмилалӣ амал мекунад, муфассал шарҳ дод. Ӯ ба зарурати истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар раванди таълим, мубодилаи устодон ва таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ таъкид намуда, имкониятҳои нави ҳамкориро барои омодасозии мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳияи барномаи муштараки магистратура, ташкили семинару тренингҳои илмӣ-амалӣ, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, инчунин роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, роҳбарон омодагии худро барои тақвияти робитаҳо ва татбиқи ташаббусҳои нави илмию таълимӣ изҳор намуданд.

                                                                                                      Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

    

 

 

 

You might also like