Хаёли хоми Кабирӣ
Тибқи маълумотҳое, ки дар сомонаи интернетии Паём.нет ҷойгир карда шудааст раҳбари Паймони Миллӣ дар гуфтугӯи мустақими бо корбаре бо номи Шарифҷон Шарифҷонов, ки зоҳиран ба “инқилоб”-и эълоншуда дар 10 октябри соли 2014 ишора кардааст гуфтааст, ки “худро мухолиф мегиред, ҳамаро як бор аҳмақ карда, дар охир гурехтед, ҳама ба умеди мухолифини дарунӣ буд ва шасти мардумро гардондед” посух дода гуфтааст, ки “мо ҳамон вақт ҳам мавқеъамонро гуфта будем ва ҳоло боз такрор мекунем. Аввал ин, ки инқилоб бо эълон намешавад. Дар таърихи ягон инқилоб дида нашудааст, ки эълон карда бошанд рӯзи фалон соати фалон мо ба майдон мерезем. Агар шумо ба ин умед будед, ки инқилобро эълон мекунед ва мардуми дар дохил буда инқилоб мекунанду шумо бо ҳавопаймоҳои Туркиш Эйрлайнсу Франс Эйру Аэрофлот вориди Душанбе мешавед, ин як хаёли хом аст. Баръакс ин аҳмақ кардани мардум аст.”
“Агар ман инқилоб кардани бошам, ҳади ақал рӯзи инқилобро эълон намекунам, баъдан худам меравам дар дохил ва паҳлӯи мардум меистам” — тасреҳ кард раиси Паймони миллӣ.
Ӯ гуфт инқилоб бояд табиӣ бошад ва он рӯз ҳатман фаро мерасад. Раиси Паймони Миллӣ изҳор дошт, ки ҳамоно ҳам ба онҳое, ки ин инқилобро эълон карда буданд гуфтем, ки ин кор шуданӣ нест ва рӯзи инқилобро ба як вақти номуайян партоед: “Ҳатто гуфтем моро гунаҳкор кунед ва гӯед, ки “Кабирӣ номардӣ кард”, аммо аз ин коратон даст кашед, чун шуданӣ нест ва мардум намебарояд”.
“Ҳоло мо муттаҳам ба он, ки пеши роҳи ин инқилобро гирифтем. Агар инқилобе, ки ҳеҷ кас набарояд, ё ба як гапи Кабирӣ анҷом нашавад, пас он инқилоб набудааст. Пас шумо ҳарфатон дар мардум намегузаштааст” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.
Ӯ гуфт “барои инқилоб бояд шароит ба вуҷуд биёяд, коре шавад, ки мардум ба ҷӯш биёянд. Инқилоб вақте мешавад, ки шумо бо мардум кор кунед, ҳадафатонро бифаҳмонед ва мардум эҳсос кунад, ки вақти бархостан расидааст”. Ва қоидаи машҳури Ленинро мисол зад.
Аз гуфтаҳои Муҳиддин Кабирӣ, ки ба корбар бо номи Шарифҷон Шарифҷонов баён намудааст бармеояд, ки ҳарду сулҳу субот, оромиву сарсабзии ватан, мардум ва диёри худро надорад.
Мардуми шарафманд, меҳнаткаш ва азияткашидаи тоҷик бовари дорам, ки дигар асои худро, ки солҳои 1991-1993 асри гузашта гум кардааст такроран гум намекунад, зеро дар ин ҷанги хонамонсўз яке падар, яке модар, яке бародару хоҳар ва яке фарзанди худро гум кардааст. Аз ҷанги бародаркуш, як қатор бехонаву дар ва бесаробону бемолумулк мондаанд.
Мо, худ шукри соҳибистиқлолии ватан, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро менамоем, ки чунин роҳбари ғамхору дилсўз, адолатпарвару миллатдўст ба монанди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем ва сиёсати арзандаи он шахсро дастгирӣ менамоем.
Сайдуллоев А.А. – сармуаллими
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ