ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Истиқлоли давлатӣ, бунёди пояҳои давлати миллӣ, озодона муайян намудани роҳи давлатдорӣ ва дурнамои рушди кишвар кори бисёр душвор ва пурифтихор мебошад. Ҳадафи асосии талоши ҳар халқу миллат барои озодӣ ва соҳибистиқлолӣ ин таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз бо роҳи истиқлоли давлатӣ метавон арзишҳои миллиро эҳё бахшида, симои миллатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Чуноне ки дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хосаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дарин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем».

Дар умум метавон истиқлолу озодиро чун фароҳам шудани имконият барои расидан ба ормонҳои таърихии миллат маънидод намуд. Ба таври дигар гӯем, Истиқлолият  барои  мардуми  кишвари  азизамон  он  ҷойгоҳу мақомеро соҳиб аст, ки онро эҳёи дубораи давлати бузурги тољик номид.

Маҳз дар ҳассостарин марҳилаи таърихии солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари дурандеш ва ҳомии мардум масъулияти ҳифзи якпорчагии Тоҷикистонро ба зимма гирифта, аз рӯи матонат, суханҳои самимиву ватандӯстонаи хеш мардуми кишварро сарҷамъ намуда, барои ба имзо расидани «сулҳи тоҷикон» ҷаҳду талошҳо анҷом доданд. Дар ин кори таърихӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург буда, заҳмату талошҳои ӯ буд, ки давлати тозаистиқлол аз марҳилаи ҷангу нооромӣ ба марҳилаи суботу оромӣ ва фазои ваҳдату осоиштагӣ расид.

Баъди яке аз нахустин дастоварди сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ, яъне ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар ҷодаи корҳои ободониву созандагӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. «Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид…».

Бешубҳа, ба даст омадани сулҳ дар мамлакат на танҳо суботу оромиро таъмин намуд, балки раванди парокандашавии миллат ва ба нобудӣ рафтани кишварро боздошт ва минтақаҳои Тољикистонро ба ҳам пайваст. Ҳифзи Тољикистони воҳиду ягона маҳз дар заминаи Ваҳдати миллӣ ва сулҳи тољикон ба миён омада, якпорчагии кишварро ҳифз намуд ва рушди минбаъдаи кишвар дар мақоми субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ баромад намудан, заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Қабул гардидани қонуни асосӣ – Конститутсия ва интихоби роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ амалан дурустӣ, ба ниёзҳои инсонӣ ва руҳи замони имрӯз ҷавобгӯ будани худро дар амалия собит намуд. Ҳатто, тасидиқи ин андеша борҳо аз забони коршиносони дохиливу хориҷӣ тасдиқ ёфта, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, дар он тамоми меъёру принсипҳои демократия инъикоси худро ёфтаанд».

Қабули чор самти асосию стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ  ва рушди босуръати саноатикунонии мамлакат, ки дар заминаи амалӣ ёфтани онҳо сатҳи иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишвар бамаротиб боло мегардад, аз наҷибтарин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар ба ҳисоб мераванд.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Љумҳурии Тољикистон ба беш аз 178 кишвари дунё шинохта шуд, ба чандин созмонҳои ҷаҳонӣ ба узвият пазируфта шуд, бо зиёда аз 130 давлат робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барқарор намуда, дар  ҷаҳони муосир бо  шарофати чандин ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла бо пуштибонӣ ва эълон гардидани соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об ва «Солҳои 2018-2028, «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор» ва «Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол на танҳо ба таври шоиста муаррифӣ гардид, ҳамчунин мақоми баланди байналмилалӣ касб намуд. Заминаи меъёрию ҳуқуқии тарзи пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз моддаи 11 Конститутсия сарчашма мегирад, ки дар он омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад»[3].

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳаввулоти наздик се даҳаи охири ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон, дигаргуниҳои минтақа ва дар қабули қарорҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ бисёр назаррас мебошад. Соли равон дар Ҷумҳурии Туркманистон бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардидани он, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад. Чунин эътибор ва эҳтироми хосаи сарони давлатҳои минтақа нисбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуда, маҳз донишу таҷрибаи бойи сиёсиву давлатдорӣ ва сифатҳои фавқулодаи ӯ боис гардидааст, ки дар ин давра ба чунин мақому эҳтироми раҳбарони сиёсии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ сарфароз гарданд.

Пешвои миллат дар байни сарони давлатҳои минтақа ягона Роҳбаре мебошанд, дар ин давра ҷиҳати на танҳо рушди сиёсати дохилӣ, бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳамчунин дар муаррифии осори қадимаи халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷаҳду талошҳои зиёд намуданд. Гузашта аз ин, пуштибонӣ пайдо намудани чор ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об худи исботи таҷрибаи бойи сиёсӣ доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз дар Осиё ва Аврупо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Роҳбари ташаббускор мешиносанд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари қударт омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд нигаронида шудааст. Вақте сухан дар бораи сиёсати дарҳои кушод меравад, моҳияти сиёсати мазкур низ ба роҳ мондани ҳамкории дӯстона бо тамоми давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон низ маҳз ба ҳаллу фасли масъалаи умумиҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Яъне, Тоҷикистон аз қабили он кишварҳое нест, ки танҳо ба манфиатҳои миллии хеш маҳдуд бошад. Балки, Роҳбари кишвар ҳамчун шахсияти инсондӯст дар фаъолиятҳои берунаи давлат манфиатҳои ҷомеаи башариро дар мадди назар гирифта, дар ҳалли ҳаргуна масъалаҳо аз рӯи чунин мантиқ муносибат менамоянд.

Моҳияти чунин сиёсат ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишварҳои ҳамсоя аён аст ва зимни муносибатҳо хоҳу нохоҳ бетаъсир нахоҳад монд. Агар дар бораи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя сухан гӯем, Роҳбари давлат соли 1993 вақт самтҳои сиёсати хориҷии кишварро муқаррар намуданд, ҳамкории дӯстона бо давлатҳои минтақаро дар қатори чор ҳавзаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд. Дар ин давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама маврид бо давлатҳои ҳамсоя принсипи муносибати дӯстонаро нигоҳ дошт, ки ин ба манфиати ҳамаи давлатҳо хизмат намуд. Ҳоло бо гузашти фурсати муайян сарони давлатҳои ҳамсоя чунин муносибат ва дурандешии сиёсии Роҳбари давлати Тоҷикистонро дарк намуданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли ҳамешагӣ дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки  дар Туркманистон баргузор гардид, ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва ба ҳам наздик намудани назарҳо ва мавқеи давлатҳо таклифҳои муфид манзур намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба густариши ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ, бахусус дар самти таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ  минтақа, ки ҳоло барои ҳамаи кишварҳои минтақа ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст, таклифи муфид ба миён гузоштанд. Аз нуқтаи назари мубрамияти масъала ҳамкории кишварҳои минтақа дар ҳалли муаммои мазкур бисёр муҳим ба назар мерасад. Ҳамзамон вобаста ба таҳкими амнияти минтақа, ки бидуни он амалӣ сохтани ҳамагуна барномаҳои муштараки кишварҳо душвор ва ҳатто имконнопазир аст, Пешвои миллат чунин зикр намуданд: «Дар шароити кунунӣ, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад».

Воқеан Истиқлоли давлатӣ ба мардуми шарифи кишвар шароити таърихиеро фароҳам овард, ки бо иродаву талошҳои хеш ба бузургтарин корҳои бунёдкорона иқдом намуда, ба ҳадафҳои милливу давлатӣ комёб гардад. Дар ин самт ба истифода дода шудани ду чархи  НБО Роғун, бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Шаршар», роҳҳои  автомобилгарди  Шоҳон-Зиғар ва Шкев-Зиғар, Душанбе-Чаноқ ва Душанбе-Саритош, аз чашмрастарин корҳои анҷом ёфтаи корхои сохтмонӣ мебошанд, ки дар пешгаҳи он маҳз иродаву матонат ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва заҳматҳои мардуми кишвар қарор дорад. Шахсияти Роҳбари давлат дар амалӣ гардидани ин корҳои созандагиву бунёдкорона бисёр бузург мебошад. Хуб дар ёд дорем, ки Президенти кишвар дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ вобаста ба масъалаи бунёди нақбҳо дар ҷумҳурӣ бо ҷасорат гуфта буданд: «Агар лозим бошад, кӯҳро бо нохунҳоямон меканем». Вақте мавзӯи бунёди НБО Роғун дар кишвар расонаӣ шуд, аксарияти мардум ба он бовар надоштанд. Чун ин лоиҳаи бузург ҳатто дар замони давлати шӯравии бузург амалӣ нагардида буд, аммо истиқлолият барои кишвари азизамон имкон фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои тинҷиву оромӣ ба амалӣ намудани на танҳо лоиҳаи мазкур, балки дар пиёда сохтани даҳҳои лоиаҳои дигари иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ комёб гарданд.

Умед аст, ки дар даҳаи чоруми Истиқлоли давлатӣ дар асоси Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 кишвар ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ мерасад ва мардуми ҷумҳурӣ ба сатҳи боз ҳам беҳтари зиндагӣ сарфароз мегарданд.

Дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои арзишманд яке аз масъалаҳои муҳим аз ҷониби шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки қишри фаъолу созандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон мебошанд, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне ки дар ин маврид Пешвои миллат зикр намудаанд: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавонон бунёд намоем». Воқеан Истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистон бо машаққату ҷонфидоҳои мардони бузурги ин миллат ҳифз карда шуданд. Аз ин рӯ, дар шароити ҳассоси сиёсиву геополитикӣ доштани зиракии сиёсӣ, донишҳои таърихӣ ва сатҳи баланди маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ мисли обу ҳаво зарур мебошад. Зеро донишҳои сиёсиву таърихӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон таърихи гузаштаи миллату давлат, равандҳои сиёсии дохил ва берунаи кишварро донанд ва аз доми фиреби сиёсии созмонҳои иртиҷоӣ раҳо ёбанд. Дар ин иртибот яке аз ҳадафҳои рушди низоми маорифи кишвар низ пайваста бо роҳи боло бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву ҷаҳонишиносии насли ҷавон тақвият бахшидани неруи созандаи онҳо дар корҳои созандагиву бунёдкоронаи ҷумҳурии азизамон мебошад. Гузашта аз ин, аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм – фурӯғи маърифат», нашри асарҳои маънавибунёду ҳуввиятсоз ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагон», «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври бесобиқа рӯ овардан наврасону ҷавонон ба донишомӯзӣ ва бо ин роҳ дар боло рафтани сатҳи худшиносиву ватандӯстии онҳо иқдомҳои наҷибу созанда мебошанд.

Хушбахтона, дар давраи 34-соли Истиқлоли давлатӣ дар баробари нооромиву нокомиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, мардуми кишвар  бо  кўшишҳои фидокорона ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ноил гардиданд, таҷрибаи давлатдорӣ касб гардид, арзишҳои љомеаи демокративу шаҳрвандӣ таҳким бахшид шуд ва барои ба ормону ҳадафҳои стратегии милливу давлатӣ расидан заминаҳои воқеӣ фароҳам гардиданд.

Маҳз дар заминаи ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии мамлакат, солҳои минбаъада мардуми Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи ҷомеаи азизамон ва бо ҷаҳду талошҳои боз ҳам бештар ба ҳадафҳои болотару зиндагии шоистатар сарфароз хоҳанд гашт. Дар ин ҷода саҳм ва талоши ҳар як шаҳрванд, пеш аз ҳама, ҷавонон дар ҷодаи ҳифзи ин неъмати бебаҳо – Истиқлолу озодии кишвар бисёр муҳим мебошад, ки бидуни таъмини он расидан ба ормонҳои дигар, аз ҷумла ба сатҳи зиндагии аз имрӯза боз ҳам беҳтар имконнопазир аст.

Пас, моро зарур аст, ки андешаи ҳифзи Истиқлоли давлатиро ҳамеша дар меҳвари андешаву суханронӣ ва мавқеъгириҳои шаҳрвандии хеш қарор дода, дар ҳеҷ маврид ва дар ивази чизе нисбати он беэҳтиромӣ нанамоем, зеро Истиқлолият бақои миллат ва омили озодиву саодати мардум, рамзи ягонагиву шукуфоии миллат дар марҳилаи нави таърихӣ буда, омили асосии ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани сарзамини ободу ягона мебошад.

Шӯҳрат Саидзода – н.и.с., дотсент, декани факултети сиёсатшиносӣ  ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

 

You might also like