Ниҳоли душмани баркан
Кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои бузургро дар даврони соҳибистиқлолӣ мушарраф гардид. Ба ҷаҳониён ташаббусҳое пешниҳод гардиданд, ки ҷавҳари онҳоро масоили сулҳ, ваҳдат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва амсоли он дарбар мегирад. Ин гуна сиёсат асоси пешравиҳо ва музаффариятҳост, лекин ҷаҳони пурасрор ва пуртазод барои ҷомеаи муосири инсонӣ бисёр муаммоҳоро пайдо намудааст, ки мо бояд аз он бохабар ва сари вақт баҳри рафъ намудани мушкилоте, ки ба давлати азизи мо таҳдид мекунад чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешем.
Баъд аз расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ ва сулҳу субот Тоҷикистон аз ҷониби оламиён чун давлати гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шинохта мешуд, зеро нерӯҳое дар дохили кишвар арзи вуҷуд мекарданд, ки аз шинохта шудани Тоҷикистон ба ин тарз манфиатдор буданд. Аз ҷониби ТЭТ ҲНИ дар расонаҳои хабарии олам аз нооромиҳо, вазъи ҳуқуқии инсон, даҳҳо хабари дигари ҳангомабарангез паҳн карда, раванди шинохти воқеии Тоҷикиситонро халалдор менамуд.
Новобаста аз ин ҳадафҳои бадхоҳонаи хоинони милат, ки таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷӣ кору фаъолият мекарданд Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёду ягона ва соҳибистиқлол бо муҳаббати гарм ва меҳмонннавозии тоҷикона,табиати дилошӯбу рӯду чашмаву кӯлу дарёҳои зулолаш муаррифии ҷаҳониён гаштааст. Акнун ҷаҳони муосир бо кишвари мо на ҳамчун як давлати ҷангзадаву ноором,балки як мамлакати дорои сарватҳои табиӣ ва макони истироҳату фароғат назар менамоянд.
Махсусан, баъди нокоми табаддулоти давлатӣ, ки аз ҷониби хоинону душманони миллати мо дар соли 2015 сар зад, ҷаҳониён ва миллати тоҷик чеҳраи воқеии ТЭТ ҲНИ-ро хубтар шинохтанд. Сенарияи ғасби ҳокимият аз ҷониби хоинони миллат пароканда гардида ва саркардагони он маҳв карда шуданд.
Акнун амалиётҳои хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурда,барои халалдор намудани ҷомеаи ороми Тоҷикистон нақшаҳои нопоки худро мехоҳанд тарҳрезӣ кунанд, вале ин амалҳои нопоки онҳо баръакс халқи моро бештар муттаҳид месозанд ва бар зидди хоинони миллат бештар муборизаи қавӣ мебаранд. Ин ҳама пешрафту тараққиётро дида, саркардагони ТЭТ ҲНИ ба тахлуқа афтодаанд. Онҳо медонанд,ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон иҷрои нақшаҳои таъминоти иҷтимоию давлатро вусъат бахшида, зиндагию рӯзгори мардумро боз ҳам гуворову шоиста месозад. ТЭТ ҲНИ ва фаъолияти он ба таври комил маҳв ва чун решаҳои саратонӣ аз мағзу ҷони миллат барканда мешавад.
Мардум шоҳиди он аст, ки раёсати ҳизби наҳзат ягон иқдоме,ки барои манфиату миллиати мардум равона бошад, накардааст. Зеро маблағҳои ба дастомадаро аз ҷониби хоҷагон барои айшу ишрати Кабирӣ ва аъзоён дар хориҷа, омода намудани насли нави террористӣ ва таблиғи мазҳаби бегона равона сохтаанд.
Хамарӯза хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд, онро ба сари мардуми мо бор созанд. Ин аст, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ мазҳаби аҷдодии худро фурӯхта, ғуломи мазҳаби бегона шуданд.
Алимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ