Авомфиребии хоинон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ
Саркардагони Ҳизби наҳзати исломӣ аз аввал барои соҳиб шудани мансаб на бо роҳи интихоботу дигар воситаҳое, ки дар ҳақиқат онҳоро мардум интихоб кунанд, нарафтан, балки бо роҳи ҷанг, куштор, террору хунрезӣ, ваҳшоният, ғасби ҳокимият бо зурӣ, мехостанд мақсадҳояшонро амалӣ созанд. Вале бо ин қонеъ нашуда аз ин ҳам бадтар рафтор карданд.
Оқибати чунин рафторро аллакай мо хуб медонем, чунки ин хоинон ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд ва ноилоҷи сари миз нишаста бо ҳукумат сулҳ бастанд. Имрӯз маълум гашт, ки ин сулҳ на аз пушаймон шудани наҳзатиҳосту онҳо хатогии худро пай бурда аз роҳи худ гаштанд. На, онҳо чун дар қиболи миллату давлат истодагарӣ карда натавонистанд ва аз ин рӯ мувақатан сулҳ бастанд. То рӯзе, ки аз нав қувват гирифта, мардуми аз бозиҳои онҳо ноогоҳро ба тарафи худ кашанд ва аз нав кӯшиши ғасби ҳокимиятро карданд. Аз оқибати ин кори наҳзатиҳою тарафдоронаш мо хуб огаҳӣ дорем. Яъне ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, ки бо шикасти дубораи наҳзатиҳо ва тарафдорони онҳо анҷом ёфт.
Имрӯз онҳо даъво пеш меоранд, ки гӯё дар сиёсатҳои байналмилалӣ муваффақанд, вале муваффақияте, ки онҳо даъво мекунанд ин аст ки онҳо барои бозиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамчун як васила ё гузинаи фишор бар алайҳи давлату миллати тоҷик мавриди истифода қарор мегирад, на бештар аз он. Чи муваффақияте, миллату давлати хешро таҳқир мекунанд, дар муқобили манфиатҳои миллӣ қарор мегиранд ва боз нашармида онро манфиат эълон медоранд. Дастандаркорони ин ҳизб боре воқеиятро тавассути расонаҳо иброз намедоранд, ки дар онҳо иродаи озод вуҷуд надорад, зеро иродаи озод дар ҳизбе ё гурӯҳе вуҷуд дошта метавонад, ки он аз назари молиявию иқтисодӣ худкифо бошад. Чун пайравони ин ҳизб бо пулу сармояи бегонагон фаъолият мекунанд, пас дар онҳо иродаи озод вуҷуд дошта наметавонад, онҳо танҳо иродаи касонеро (гурӯҳ ё давлатҳоеро) амалӣ мекунанд, ки сармоягузори асосии онҳоянд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки шахсиятҳо ё ҳизбҳое, ки худ озодӣ надоранд, чи гуна метавонанд ба миллат ё давлате озодӣ бахшанд?
Ё худ ҳизбу гурӯҳҳое, ки барои манфиати бегонагон созмон ёфтаанд, чи гуна метавонанд манфиати мардуму миллати хешро дифоъ намоянд? Аз ин рӯ, ҳарфҳое ки аз ҷониби саркардагони ин ҳизби мамнуи террористӣ дар хориҷи кишвар аз тариқи расонаҳо пахш мешавад, ба ҷуз аз демогогияву авомфиребӣ чизе беш нест. Инҳо танҳо аз рӯи дуруғпардозӣ мехоҳанд ба зеҳнҳо таъсир расонда чойгоҳеро дар боварҳои мардум аз худ ба вуҷуд оваранд. Вале ҳар фарди бедордил ва огоҳи миллат бояд андеша намояд, ки инҳо ҳамон гурӯҳоеанд, ки солҳои 90-ум бо ҳарфҳои бе рабту вопасгароёна ва ҳангомаҷӯёнаи худ миллатро ба кофару муслим тақсим намуда, давлату миллати тоҷикро дар вартаи нобудӣ қарор доданд ва сабабгори аслии бадбахтии мардум гардиданд. Бояд ҳар фарди миллат дарк намояд, ки инҳо бештар аз марази вогире дар баданаи миллат нестанд. Онҳо нафаронеанд, ки манфиати бегонагонро таблиғ менамоянд ва мехоҳанд аз нав истиқлолияти миллӣ ва давлати миллиро аз байн баранд ва онро дубора ба дастнигару бардаи бегонагон табдил диҳанд. Чун худ озод нестанд ба дигарон низ озодӣ бахшида наметавонанд. Барои онҳо ҷуз манфиати бегонагон манфиати миллӣ ҷаве арзиш надорад. Дурӯғпардозӣ, фазилатфурӯшӣ, суханбозӣ, гул задани мардум, шайёдӣ усули асосии мағзшӯии онҳост. Ба онҳо такя кардан ва онҳоро бовар кардан ба ҷуз аз нобудии миллат кори бештаре нахоҳад буд.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона ба мисоли ТЭТ ҲНИ эмин нигоҳ дорем.
Қодиров М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ