Муборизаи беамон муқобили ифротгароён
Мардуми кишвари азизамон имрўз дар муҳити ором, осуда андармон буда, аз паи пеш бурдани рузгори худ қарор доранд, ки ин аст маънии зиндагӣ. Зиндагие, ки ба вазниниву бисёрмуаммо буданаш нигоҳ накарда ба оянда назари некро талқин месозад, зеро ҳамааш дар дасти худи одам ҳасту меҳнати ҳалол ва созанда ба ин назар қувваи бештарро медиҳад.
Меҳнати ҳалол, зиндагии осуда ва бо шукргузорӣ дар назари нафарони бадхоҳи миллат ҳамчун ҳолати ғайри муқаррари намудор аст. Зеро мардуме, ки сарҷамъ ва аз ақиби кору бори рўзмарраи худ ба корҳои аблаҳӣ ва фиреби нохалафон афтоданаш гумон ва номумкин. Ба ин хотир, ҳар роҳу воситаро истифода бурда ин мувозинатро мехоҳанд вайрон созанд.
Дар замир ва шуури миллии мо дини ислом мавқеъ ва манзалати хосаро доро аст. Садсолаҳо мардуми озодапарасту бо низоми тоҷик, якка параст ва пешакунандаи порсоӣ буд. Имрўз ҳам шукри худо аз Сарвари кишвар оғоз карда то шаҳрванди қаторӣ мо мусулмонем ва аз ин мефахрему ҳаракат месозем, ки унсурҳои ҳатмии онро сари вақт ба ҷо оварем.
Ин аст, ки дар саро сари кишвар давлату ҳукумат барои сабукӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мардуми ботақво масҷиду мадрасаҳои диниро кушода, шароитҳои беҳтаринро дар он ҷо муайё намудааст. Аз чӣ бошад, ки ин ҳалати воқеӣ ба назари «худо бехабару» «худо нотарсон» наменамояд. Ягон монеагии тоату ибодат, рузадорӣ, маросими ҳаҷ, закотдиҳӣ ва дигар дар мамлакат нест ва созмонҳои расмии динӣ дар Тоҷикистон озод кори худро пеш мебаранд. Рўзҳои идӣ дар масҷидҳои ҷомеъ ҳазорҳо нафарон бо хоҳиши худ, барои адои намозу саҷда ҳозир мешаванд.
Дини мубини ислом ягон нуктаи умумиро бо терроризм ва давлати ба ном исломӣ надорад. Барои ба худо саҷда намудани банда ягон миёнарав, ташкилот, шахсони алоҳида лозим нестанд. Тоҷикистон шароити рушди дин ва диндориро аз бисёр давлатҳои хориҷа ва ҳатто давлатҳои ба ном исломӣ хубтар таъмин ва кафолат додааст.
Дар замони муосир экстремизми динӣ минтақа, давлатҳои гуногунро фаро гирифтааст. Бадбинӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба динҳои дигар, ҳатто муқовимати дохилидинӣ хосияти асосии онро ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолатҳо экстримизми динӣ хосияти сиёсӣ пайдо намуда бар зидди ҳокимият мубориза мебарад.
Яке аз шаклҳои иртиҷоии эътирози сиёсии ғайриқонуниро терроризм ташкил медиҳад. Терроризм моҳиятан мақсадҳои зиддиинсонӣ дорад. Даҳшат овардан, тарсонидан дар тӯли асрҳо ба сифати воситаи муборизаи сиёсии нерӯҳои гуногуни иртиҷоӣ, вуҷуд доштанд.
Терроризм дорои ҳусусиятҳои дохилидавлатӣ буда, дар сиёсати ҷаҳонӣ чуқур реша давонидааст. На танҳо доираи кирдорҳои террорист васеъ мегардад, балки poҳy воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав ме- шаванд. Имруз ҷанбаҳои бадахлоқӣ ва ғайриинсонии терроризм вусъат меёбанд. Беш аз пеш қурбони сиёсати доираҳои террористӣ занҳо, кӯдакон, пиронсолон ва ҷавонон мегарданд. Созмонҳои террористц имрӯзҳо нақшаи бунёди империяҳои бузург ва аз байн бурдани низоми дунявиро дар қисматҳои бузурги олам доранд.
Нерӯи ҳарбӣ ва захираҳои молиявии ин созмонҳо бо суръат афзоиш ёфта, онҳо имкони муқовимат бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто бо паймонҳои ҳарбӣ – сиёсиро пайдо карда истодаанд. Омилҳои ин тағйирот аз нав тақсимшавии қудрат байни созмонҳои террористӣ объектҳои ҳуҷум интихоб намудани кишварҳои ҷангзадаи аз захираҳои табиӣ бой, истифодаи моҳирона аз тарзу усулҳои ҷанги иттилоотӣ ва албатта бозиҳои калони геополитикӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, созмонҳои амалкунандаи террористии минтақа аз қабили «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракат-ат-толибон», «Ҳизби исломии Туркистон», “ТЭТ ҲНИ” ва ғайра дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм то андозае саркӯбшуда, солҳои охир сатҳи аввалро аз нигоҳи қудратӣ низомию молиявӣ ва вусъати нақшаҳои худ созмони нав бо номи «Давлати Исломӣ» (собиқ давлати Исломии Ироқу Шом) ва«Ҷабҳат-ун-Нусра», ишғол намудаанд.
Мо, мардуми Тоҷикистон имрўз мавқеи қатъии худро нисбати дини ислом ва нафароне, ки паси ин ном корҳои ифлоси худро пеш бурданианд, дошта метавонем ва муйро аз хамир ҷудо мекунем. Душманони дини мубини ислом аз номи дин истифода бурда, ба мақсадҳои ғаразноки худ расидаанд. Лек мардуми тоҷик ҳама вақт бар муқобили ҳиргуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динӣ қарор дорем. Вокуниши саривақтӣ нишон медиҳем.
Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ