Чанд андеша аз беандешагии наҳзатӣ
Дурӯғи навбатии хоинон фош гардид. Сайидюнусӣ Истаравшанӣ дар сомонаи худ мақолаеро зери матлаби “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” ҷой дод, ки пур аз туҳмату дуруғ аст. Вақте, ки мақолаи мазкурро хондам маро ин суханҳои бардуруғ ва беасос оиди ҳамин шахсияти дурӯғгӯй ба ҳайрат гузошт. Дар ҳама вақт мешинам фикр мекунам, ки чаро як қабил инсонҳои бахил ва нодидабин ба мардуми озоду осоишта, сулҳпарвар чашми дидан надоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо берун аз Ватани маҳбуб қарор гирифта, мехоҳанд дар кишвари мо ҷанг ва байни мардум хунрезӣ бошад. Лекин ин нақшаҳои ғайриинсонӣ ва душманӣ ба онҳо насиб нахоҳад кард.
Тоҷикистон худ як давлатӣ демократӣ ва озод мебошад. Дар ин кишвар тибқи Конститутсия ва қонунҳо ба ҳар як шаҳрванд пайравӣ ба дин ва адои маросимҳои диниро муҳайё намудааст. Имрӯз мусалмонон ё ин, ки пайравони дигар дину мазҳаб метавонанд озодона дар масҷиду хона намозҳои хешро иҷро намоянд. Ба ғайр аз ин халқи мо тамоми урфу одатӣ мусулмониро ба ҷо меоранд ва оиди ин масъала ягон хел маҳдудият аз тарафи давлату ҳукумат дида намешавад. Дари масҷиду мадрасаҳо боз аст ва мардум бо шукргузорӣ аз сиёсати кунунии давлат даст ба дуо мебардоранд. Ягон хел исломҳаросӣ мавҷуд нест.
Ман ҳамчун зиёӣ гуфтаниам, ки ин навиштҳои беасосӣ Сайидюнусӣ Истаравшанӣ ва даҳҳо ҳаммаслакони он ва дигарон наметавонад ҷомеаи моро ба парокандашавӣ роҳ ёбанд. Чунки имрӯз халқи азизи ин кишвар аллакай сафедро аз сиёҳ, хубиро аз бадӣ фарқ мекунанд. Душманони миллат фикр мекунанд, ки халқи тоҷик ранги худашон ифротӣ ҳастанд. Мутассифона хато мекунанд онҳо, худ гумроҳанд ва ғуломи зархариди хоҷаҳои хориҷӣ кайо гаштаанд ва мехоҳанд дигар ҳам ранги онҳо бошад. Аммо тири онҳо хок мехурад.
Дадоматов Д.Н. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ