Дониш андар дил чароғи равшан аст
Соҳиби дониш ва маърифати баланд будан дар зиндагӣ як дастовард ва муваффақияти шахс аст. Аз давраҳои пеш то ба имрўз омўхтан, аз худ намудани дониш машғулияти муҳим барои инсон ба ҳисоб рафта, тавассути он шахс ба қуллаҳои баланди орзуву муроди хеш мерасад. Бузургону донишмандони ҷаҳонӣ аз он ҷумла, мутафаккирони тоҷик нисбати донишомўзӣ фикрҳои хешро иброз дошта, ҷойгоҳи онро бисёр баланд арзёбӣ намудаанд. Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ мавқеи донишро дар ҳаёти инсон чунин таъриф намудааст:
Дониш андар дил ҷароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Яъне ба андешаи А. Рўдакӣ дониш ду вазифаи муҳимро дар ҳаёти шахс иҷро менамояд.
- Дониш ҳамчун чароғ дили инсонро равшан менамояд. Дар ин ҷо ў донишро ҳамчун нур, сарчашмаи равшанидиҳанда таъриф кардааст. Ин ба мисли он аст, ки шахси босавод шахсест, ки дар шаби ториқ дар даст чароғ дорад ва бо равшании он роҳ мегардад ва ба самти муайян ҳаракат мекунад. Дониш ба таври дигар гўем, роҳбалад аст ба инсон дар роҳ кўмак менамояд.
- Дониш ҷавшан ва сипарест, ки инсонро муҳофизат менамояд. Агар ба контексти таърихии матни назар намоем, метавон пай бурд, ки дар гузашта ҷанговарон, вақте ба ҷанг мерафтанд ва ба майдони ҷанг мебаромаданд, ба тани худ ҷавшан (камзўли оҳанин) мепўшиданд ва дар дасти худ сипар доштанд, то худро аз зарбаи шамшер ва тири рақиб ва душман муҳофизат намоянд.
Дониш ба ғайр аз он, ки ҳамчун нур, чароғи роҳнамоикунанда аст, ҳамчунин муҳофизагари шахс аз ҳар гуна хатару зарарҳои беруна низ мебошад.
Масъалаи дониш омўхтан ва аз худ кардани ин ё он илмҳои алоҳида дар бораи табиат, ҷамъият ва коинот масъалаи замони мо набуда, ашхоси алоҳида дар ҳазорсолаҳои қабл, рў ба илмомўзӣ ва кашфи назарияҳои нави илмӣ машғул буданд ва дар бахшҳои гуногун илм фикру андешаҳои ҷолиберо баён кардаанд. Аз ҷумла Афлотун, Арасту, Демокрит ва баъдан намояндагони тамаддуни форсу тоҷик ба мисли Форобӣ, Сино, Берунӣ, Хайём ва дигарон, аз ҷумлаи аввалин мутафаккироне мебошанд, ки дар рушди минбаъдаи илмҳои табиӣ ва ҷамъиятиву дақиқ пояи бузург бино намудаанд.
Олимони Аврупо дар ин панҷ садсолаи охир бузургтарин кореро дар бахши илмҳои ҷадид ба анҷом расониданд ва имрўз башарият аз натиҷаи онҳо истифода карда истодаанд. Ва имрўз ҳар як аврупоӣ ифтихор мекунад, ки натиҷаи рушди илму технологияи замони муосир, маҳсули меҳнати онҳо ва гузаштагони онҳост. Дар воқеъ пешравию рушди имрўзаи Аврупо аз ҳамон илму фалсафаи онҳо сарчашма мегирад, на чизи дигар. Ва ба қавли Муҳаммад Иқбол:
…Қуввати Мағриб аз илму фан аст,
В-аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Вале, агар мо тоҷикон имрўз ифтихор кунем, аз кадом дастовардҳои илмӣ ифтихор карда метавонем? Шояд метавон гўем, ки гузаштагони мо ба мисли Закариёи Розӣ, Сино, Хайём, Берунӣ ва дигарон дар рушди илмҳои табииву гуманитарӣ ва дақиқ саҳми арзанда доштанд. Ё гуфта метавонем, ки мо чанд ҳазор сол қабл давлат доштем ва ғайраҳо. Аммо, сад афсўс, ки бештари мо дар бораи осори он бузургон маълумоти кофӣ надорем, то онро ба дигарон бигўем ва аз онҳо ифтихор кунем. Ё асри давлатдориамонро медониста бошем?
Агар, боз бо чизе ҳам ифтихор кардани бошем, метавонем, имрўз бо будани худ, бо он, ки миллат ҳастем ва бо он, ки давлати соҳибистиқлол дорем, ифтихор кардан мумкин аст. Аммо, инҳо барои боқӣ мондани ин миллат ва давлат ҳеҷ гоҳ кофӣ нестанд ва мо боз ниёз ба чизҳои баландтару болотар дорем, ки то ба дигарон худро бо дастоварди воқеии арзандаи худ, на бо дастоварди гузаштагони худ муаррифӣ кунем ва аз ҳастии худ шод бошем. Барои ин корро кардан, фурсат ҳаст ва чизе, ки лозим аст, ин якум хоҳиш ва дуввум иродаи қавист. Ва ин корро касоне мекунанд ва карда метавонанд, ки агар ин масъулияти таърихиро ҳис бикунанд ва агар ба фардои ин миллат ва давлат боварӣ дошта бошанд ва нияти барои ояндагон чизеро боқӣ гузоштанӣ бошанд. Онҳое карда метавонанд, ки агар дилашон барои инсонҳои ба мисли тоҷик сўзад ва касоне карда метавонанд, ки барои онҳо хоку марзи Ватан муҳим ва муқаддас бошад.
Камтарин коре, ки мо ҷавонон ва толибилмону донишҷўён дар ин роҳ метавонем кунем, ин дурусту хуб таҳсил кардан ва ҳадафмандона дониш омўхтан аст. Дар ин роҳ дар маҷмўъ бароямон ҳадди ақал 3 муҳимтарин асос мавҷуд аст, ки моро талқин ва водор менамояд, ки хуб таҳсил кунем ва донишҳои лозимаро касб карда бошем:
- Мақоми шаҳрвандӣ. Ҳар яки мо сарфи назар аз он, ки дар кадом соҳа кору таҳсил накунем ва чӣ мақоми иҷтимоӣ дорем, мавқеи шаҳрвандиамон водор менамояд, ки як зумра донишҳоро аз худ намоем. Зеро, дар давлати муосири сохти демократидошта, ҳар як шаҳрванд аз як тараф соҳиби ҳуқуқҳои муайян буда, аз тарафи дигар дорои ўҳдадориҳои шаҳрвандӣ мебошад. Яъне, Шумо ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари доштани ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳуқуқ ба озодии интихоби ин ё он дин, боз дар назди давлат ўҳдадориҳое ба мисли супоридани андоз, ҳимояи марзу бум, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ғ. доред. Ҳамаи ин ҳуқуқу ўҳдадориҳо дар Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар қонунҳои алоҳида оварда шудааст. Фарз кунед, агар Шумо дар бораи онҳо маълумоти лозима надошта бошед, онгоҳ аз як тараф аз ҳаққи худ дуруст истифода карда наметавонед ва дигарон ҳуқуқҳои шуморо нодида мегиранд ва гоҳе, поймол ҳам мекунанд. Аз тарафи дигар бо риоя накардани қонун, Шумо ба мушкилоти гуногун дучор шуданатон мумкин аст. Ва аз ҳамин лиҳоз, ҳамчун шаҳрванд моро зарур аст, ки сарҳади ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро донем, то соҳиби ҳаққи худ бошем ва ҳаққи дигаронро низ нодида нагирем ва ба ҳуқуқи дигаронро эҳтиром намоем. Бе сабаб ҳуқуқшиносон намегўянд, ки «ҳуқуқҳои мо дар он ҷое ба охир мерасад, ки ҳуқуқҳои дигарон оғоз мешавад». Ҳатто дар Моддаи 42 –и Сарқонуни кишвар омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».
- Масъулияти касбӣ. Ҳар яке аз мо донишомўзон чанд соле қабл, ё бо хоҳиши худ, ё бо маслиҳату тавсияи падару модар, ё дигар нафарон ба донишгоҳҳо дохил шудем, ҳоло дар ягон ихтисос таҳсили худро давом дода истодаем. Таҳсил дар донишгоҳҳо нисбат ба таҳсил дар мактаби миёна фарқ дорад. Фарқи донишгоҳ аз мактаб дар он аст, ки Шумо минбаъд пас аз хатми донишгоҳ дар соҳаи муайян, ҳамчун мутахассис кору фаъолият мекунед. Гарчанде, барои ҳар як мутахассис баъзе аз донишҳои умумӣ муҳим аст, вале донистани ихтисоси худ аввалиндараҷа мебошад. Зеро, барои ҳуқуқшинос – донистани Конститутсия ва қонунҳои конустиутсионӣ, барои иқтисодчӣ – донистани назарияҳои иқтисодӣ ва дигар донишҳои иқтисодӣ, барои таърихшинос – донистани соҳаи таърих, барои мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ – донистани назарияҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва таърихи ҷаҳонӣ ва барои ҳамаи мутахассисон доштани донишҳои сиёсӣ ва донистани забони давлатӣ ва забонҳои русиву англисӣ аз ҷумлаи афзалиятҳо маҳсуб меёбад.
Таҷрибаи кишварҳои Аврупо нишон дод, ки барои ҳар як мутахассис донистани нозукиҳо ва ҷузъиётҳои касби худ, имкон медиҳад, ки ў соҳиби кори арзанда шуда, вазифаи касбии худро дуруст анҷом диҳад ва ба муваффақият ноил гардад. Яке аз сабабҳои қафомонии мо, ин аз як тараф дуруст надонистани касби худ бошад, аз тарафи дигар мавҷуд будани мушкилот дар бахши сиёсати кадрӣ дар кишвар аст. Бинобар ин Сарвари давлат, ҳангоми вохўрӣ бо ҷавонони кишвар, бе сабаб ишора накарданд, ки «барои мо, яъне Тоҷикистон мутахассисони сатҳи байналмилалӣ намерасад». Зеро, вақте ҳар соҳа агар бо мутахассиси арзандаи худ таъмин набошад, он гоҳ роҳбар низ маҷбур мешаванд, ки мутахассиси як соҳаро ба соҳаи дигар таъин намоянд.
Аз ин рў, имрўз ҳар як донишҷў вазифадор аст, ки касби худро дуруст аз худ намоянд, то оянда соҳиби кори арзанда гашта, дар ҷомеа мақоми арзанда ва соҳиби зиндагии хуб бошад. Ё ба ибораи дигар донишҷў 4 сол дар донишгоҳ хуб таҳсил мекунад ва дар оянда мутахассиси муваффақи соҳаи худ мешавад.
Саидзода Шуҳрат Шукур