Изҳороти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ нисбати мақолаи Кӯри Юнус

Мо аҳли устодон ва омӯзгорони кафедраи мазкур мақолаи иғвоангезӣ Сайидюнуси Истаравшаниро оиди исломҳаросӣ хонда онро маҳкум менамоем.

Аз гузориши Кӯри Юнус бармеояд, ки ӯ ҷонибдории фарҳанги моддии бегона буда, баҳри тарғиби он кӯшиш намудааст. Муаллифи мақола даъво кардааст, ки гуё дар Тоҷикистон масҷиду мадрасаҳоро мебанданд, аммо ин  нодуруст аст. Хушбахтона шумораи масҷид дар мамлакат беш аз чаҳор ҳазор аст.

Аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки миллати тоҷик то давраи истилои арабҳо либоси миллии худро дошт. Оиди онҳо дар китоби “Тоҷикон”-и академик Б.Ғафуров маълумоти мухтарасари илмӣ дода шудааст. Барои миллати тоҷик адрасу атлас, матои миллӣ ба шумор рафта занону духтарон аз онҳо либосҳои гуногуни рузмарра тайёр менамуданд.

Имрӯз бо кӯшишу дастгирии ҳукумат дар ҷумҳурӣ баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва адрасу атлас эътибори хоса дода шуда истодааст,ки он баҳри тарғиби фарҳанги моддӣ ва ғояҳои худшиносии миллӣ равона карда истодааст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ фарҳанги моддии бегонаро қабул ва ҷорӣ намуданро дар байни занону духтарони тоҷик даъват менамояд. Мақсади асосии ТЭТ ҲНИ ва тамоми сарварони онҳо носолим гардонидани фазои ҷомеа мебошад.

Аҳли устодони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ аз таъриху фарҳаги миллати хеш ифтихор дорем ва баҳри ҳимоя намудани он фаъолияти худро равона намуда зуҳуроти бегонапарастиро қатъиян маҳкум менамоем.

Аҳли устодони кафедраи назарияи

 таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like