Мардум аз дини ислом ҳарос надорад (посух ба Сайидюнус)
Сиёсати диниву дунявии ин ё он давлатро барои таҳлил намуда, хулоса баровардан, бояд хусусияти ҳамон минтақаву маҳалро донист. На бояд кўр-кўрона бо андешаи муғризона баҳо дод. Дар хусуси андешаи он ки «мардуми тоҷик аз дини мубини ислом тарс доранд» гуфтан хатои маҳз аст. Зеро дар Тоҷикистони мо ин гуна тарс вуҷуд надорад. Зеро масҷид барои хондани намоз ва фаризаи он кушода буда, касе монеи он намегардад.
Як идда авомфиребон ҷавононро ба гумроҳӣ кашида, гуфтанианд, ки мардум барои хондани намозу масҷид рафтан дар тарсанд. Ин нукта дар мақолаи таҳлилгари мазҳабфуруш Сайидюнус зери унвони “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?”ин ҳамааш тӯҳмати хушку холист. Кури Юнусбарин нафароне ин гуна дасисабозӣ мекунанд, ки худашон аз кӯчаи одамгарӣ ва чӣ будани дину оин нагузаштаанд. Дин хамеша покию поктинатиро талаб мекунад ва бандаи худотарс он аст, ки кору рафтори худро аз меъёри инсонигарӣ берун намебарад. Аммо Сайидюнусбарин ашхос аз кадом доираи инсонанд, ки ба онҳо иҷозат додааст, ки сиёсати динии давлатҳои дигарро муҳокима намоянд.
Бо чунин гуфтори хеш онҳо мардуми тоҷикро не, балки худро бори дигар дар назди мардуми дунё русиёҳ мекунанд. Зеро мардуми сайёра медонанд, ки кишвари мо давлати демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар он мардум озодона аз дини бобоёни худ пайравӣ мекунанд ва касе ҳам имрӯз онҳоро дар тарсу ҳарос гузоштанӣ нест.
Саидюнуси Истаравшанӣ як хоини миллату мазҳаб аст, ки барои иғвоангехтан гоҳ-гоҳ дар саҳифаҳои интернетӣ пайдо шуда, бо андешаҳои пучи худ худро ҳомии дини ислом нишон медиҳад. Дар ин навиштаҳояш ӯ давлати моро бо давлатҳои Туркияву Чин монанд карда мегӯяд, ки гӯё дар Тоҷикистон зидди дини ислом мубориза рафта истода бошад. Аввал ин ки дар Тоҷикистони азизи мо тибқи Конститутсия тамоми динҳо озод буда, пайравонашон тибқи шариати дини худ амал мекунанд. Инчунин шаҳрвандони давлати мо дар интихоби дин озод ҳастанд, кадом дине, ки хоҳанд пайравӣ мекунанд. Ягон кас ба эътиқоди онҳо монеа нашудааст. Танҳо онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият баранд, давлат ба онҳо зид нест. Он гурӯҳҳои террористие, ки амали нопокашон кайҳо фош шуда шармандаи олам шудаанд, ба мисли ТЭТ ҲНИ, “Ҳизбут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ваҳҳобиҳо”, “Салафиҳо” ва ғайра онҳо дини ислом ё дини алоҳида нестанд, дар натиҷа фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як чанд давлатҳо манъ карда шудааст. Саидюнуси Истаравшанӣ, ки худаш аз дин бӯе набурдааст даъво дорад, ки дар Тоҷикистон гӯё амалҳои зиддидинӣ мушоҳида мешавад.
Агар давлат лаҷоми ба ном «ҳомиёни дин»-ро нагирад онҳо кишвари моро кайҳо ба дуввум Афғонистон табдил медоданд. Аз ин рӯ, назорати диндорон зарурияти замон аст. Дин яке аз муҳимтарин омилҳое аст, ки ба эҳсосоти инсон сару кор дорад, бинобар ин агар ба дин аз диди ақл ва илм нигаҳ накунем, он метавонад хатарноктарин яроқе шавад ва ҷомеаро ба вартаи ҳалокат расонад. Ҳамагон хуб огоҳанд, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 диндорон низ даст доштанд. Инчунин, маърифати динии мардуми мо ҳоло то он ҳадде нест, ки динро оқилона ба манфиати худ ва ҷомеа истифода барад. Маҳз таассуби динӣ, ки дар байни мардуми мо мушоҳида мешавад аз он давлат хуб огоҳ аст. Бинобар ин, давлат ҳақ дорад барои амнияти мардуми кишвар диндоронро ба зери назорати қатъӣ гирад. Аз ин амал баъзе дилсиёҳон ба мисли Саидюнуси Истаравшанӣ истифода бурда, мардумро гӯл мезананд ва давлатро сиёҳ мекунанд.
Раҳматова Д.А. – н.и.ф., достент;
Мирниёзов А. – сармуаллими кафедраи
забони тоҷикии ДДҲБСТ