Муносибати созандаи дин ва давлат
Дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.
Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид, ки ин нишонаи равияи суннии дини исломро дар Точикистони имрӯза инъикос намуд, зеро ки 96 фисади аҳолии кишварамон мусулмонон буда аз рӯи пайрави дини ислом умр ба сар мебаранд. Мо хуб мефаҳмем, ки дар шароити кунунӣ дўстону душманон ба иқдоми пешгирифтаи мо назарҳои мухталиф доранд. Ин як амри табиист. Муҳим он аст, ки давлатдории Тоҷикистонро ба сўи давлати ормонии демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона шурўъ гардидааст. Ў ба ин қадршиносӣ эҳтиёҷ надорад, балки мардуми Тоҷикистон ба ҳифзи ин дастовардҳо эҳтиёҷ дошта, тақдири ояндаи давлатамон ба ҳифзи таърихии ин роҳи ормонии шурўъгардида зарурат пайдо кардааст.
Аз ин бармеояд, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ моҳияти дини исломро дарк нанамуда ин суханонро гуфтан нодуруст аст. Зеро ки исломҳаросӣ аз чунин шахсоне оғоз меёбад, ки ба ҷомеа рафтору ибрати махфиро нишон дода, ҷомеаро ба роҳи ифротгароӣ ва нобудкори равона мекунанд.
Чунончи дар паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди терроризму ифротгароӣ таъкид шуд: “…ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”. ва ҳамчунин сарвари давлат эмомалӣ раҳмон таъкид намуданд, ки “…ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад…”.
Тасдиқи он аст, ки дар баробари пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар шудани вазъи зиндагонии мардум, фазои маънавии кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодааст. Бахусус, фазои андешаи динии кишвар рў ба беҳбудӣ оварда, диндорон дар анҷоми маросимҳои динӣ озод мебошанд. Барои муқоиса, дар замони Шўравӣ дин ба ин дараҷа озод, бемамониат ва бе фишору таъқиб набуд. Иҷрои тамоми фароизи динӣ, доштани ибодатгоҳ, адои маносики ҳаҷ, зиёрати ҷойҳои муқаддас ва иҷрои дигар маросимҳои динӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” озод буда, бидуни монеа, маҷбурият ва таассуб амалӣ мегарданд, ки қаблан чунин вазъ мавҷуд набуд.
Воситов Ҳ.А. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ