Сулҳу субот ҳамеша поянда бод!
Сулҳу субот, оромӣ дар кишварамон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин мақсад талошӣ меварзад. Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии ҳама гуна падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ғайриқонунӣ интиқолёбии маводҳои мухаддир, силоҳ, ва дигарҳо таъмин карда истодааст.
Аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват меорад, ки ба таъмини сулҳу субот дар тамоми олам таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Яке аз ин ҳадафҳо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои баҳамдўст. Имрўзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии ин ҳадафҳо талошиҳои зиёд доранд.
Имрўзҳо дар шабакаи иҷтимоӣ, интернет иттилооте паҳн гардидаанд, ки муаллифони он ғояҳои муғризона дошта, чӣ гуфтанашро намедонад.
Воқеан ҳам Президенти Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хоричии кишварро ҳамчун сиёсати Дарҳои кушод пеш мебаранд ва сафарҳои кории судмандро ба кишварҳои ба мо дӯст пеш мегиранд, ки барои рушди давлати миллии мо некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.
Нотавонбинони ношукр ба монанди Кабирию дигар косалесони хоҷаҳои хоричӣ гапи мегуфтаашон намондааст, ки сафари расмии Пешвои миллатро зери суханҳои пучи худ мегиранд.
Бояд таъкид кард, ки давлатҳои Аврупо ба ғайр азшахсони манфури душманони миллати моро устухон медода боз ҳукумати қонунӣ доранд. Палидони Паймони гайриқонунии миллӣ ҳеч гоҳ ба ҳайати расмӣ рӯ ба рӯ шуда наметавонанд.
Бояд арз кунам, ки душманони миллат дар ҳама ҷо ки бошанд, мардуми тоҷикро бадном кардан мехоҳанд, зеро на ғурури миллӣ доранд ва на дӯстдори ин халқу ин миллатанд. Агар ин палидони миллатситез ғурури миллӣ медошанд, ба ботлоқи расвоӣ ва бадтиннативу бадрӯзгорӣ ғӯта намезаданд.
Ҳамин тариқ мо бояд, дар ин рўзҳои бошукўҳу фараҳманд, қабули 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз ёд фаромўш насозем: «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Ҳама гуна фикру андешаҳо, иғвою дасисабозиҳо, кўшишҳои нодурусти ғайриқонунӣ харгиз ба мақсади худ намерасанд.
Самадов Б.О. – н.и.ҳ.дотсент кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ