Хатари амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба амнияту суботи кишвар
Аз бойгонӣ
Терроризм ва экстремизм аз овони пайдошавиаш бо мақсаду вазифаи худ, бо воситаҳои мубориза ва даъвоҳои ғоявиаш барои инсоният хавфу таҳдиди ҷиддии иҷтимоӣ ба бор овардааст. Аз ин лиҳоз мутахассисон ба маънои умум ба терроризм чунин баҳо додаанд: «Терроризм – бо мақсадҳои муайяни сиёсӣ дар ҷомеа бесуботиро ба вуҷуд овардан ва барои дар байни қишрҳои васеъи аҳолӣ ваҳму ҳарос ангехтан, зўровариро истифода бурдан ё ки бо истифодаи зўроварӣ аҳолиро тарсонидан аст».
Имрўзҳо ҳодисаи терроризму экстремизми динӣ намудҳои нав ба навро касб намуда, мутаасифона аз лиҳози миқдору сифат афзоиш ёфта истодааст. Таъкид намудан ба маврид аст, ки солҳои охир дар минтақаи Авроосиёву Африқо болоравии амалҳои ифротгароии динӣ ва фаъолшавии гурўҳҳои террористӣ мушоҳида мегарданд.
Аз хавфу таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ, оқибатҳои фоҷеабори он Тоҷикистон низ дар канор намондааст. Аз ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон бар асари ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, дар ҷумҳурӣ падидаҳои содир гардидани амалҳои террористӣ ё ки ба он монанд амалҳои номатлуби халалдор намудани амну суботи ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба вуқўъ пайвастанд. Чунончӣ, солҳои охир якчанд амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар содир шуда, боиси нооромии ҳаёти ҷамъиятии кишвар гаштанд. Санаи 18 сентябри соли 2010 амали террористӣ дар бинои Раёсати минтақавии ВКД ҶТ оид ба мубориза алаҳи ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Хуҷанд, 19 сентябри соли 2010 ҳамлаи террористон ба корвони автомашинаҳои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, 23 июли соли 2012 амали террористӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва кушта шудани генерали Раёсати амнияти давлатӣ, санаи 4-5 сентябри соли 2015 содир шудани амалҳои террористӣ дар Душанбе ва маркази ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби гурўҳи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва амсоли онҳо ба сулҳу субот ва амнияти кишварамон таҳдиди ҷиддӣ ба бор оварданд. Гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро бо ҳар васила мехоҳанд вазъи кишвар ноором гардад.
Сарвари давлатамон, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали фаъолияти сиёсӣ хавфи терроризм ва ифротгароии диниро барои амну суботи миллату давлат эҳсос намуда, муборизаро алайҳи ин амалҳои номатлуб ҳамчун самти устувори сиёсати давлатӣ маънидод намуданд ва баҳри ҳимояи манфиатҳои милливу таъмини амнияти миллӣ пайгирона фаъолият мебаранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналхалқӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонидааст. Тоҷикистон барои саривақт дар амал татбиқ шудани санадҳои ҳуқуқӣ чораҳои қатъӣ меандешад. Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар моҳи ноябри соли 1999 парлумони кишвар Қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии хешро, чун дигар давлатҳои мутамаддин бо қатъият ҳимоя мекунад ва бар зидди он падидаҳое, ки ба манфиати милливу давлатӣ таҳдид мекунад дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза мебарад ва дар ин самт мавқеи муносибро ишғол намудааст. Сарвари давлатамон аз минбарҳои баланди анҷуманҳои СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ доир ба афзоиш ёфтани терроризми байналхалқӣ, хавфи он барои амнияти давлатҳо, ба ҷинояти трансмиллӣ табдил ёфтани он ҳарф зада, ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи қатъӣ даъват мекунад.
Мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ, экстремизму ифротгароии динӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор (наркотрафик), ҷинояткории муташаккил аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналхалқӣ дар ин самт сайъу талош намуда, корҳои назаррасро анҷом додааст.
Имрўзҳо экстремизм дар қиёфаи мухталиф намоён мегардад. Шакли оддиву оммавии он экстремизми иҷтимоӣ мебошад, шакли хавноки он – экстремизми сиёсист. Экстремизми динӣ бошад, ҳам ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳам ҷанбаи хавфноки сиёсӣ дорад. Инро воқеа ва ҳодисаҳои дар як қатор давлатҳои ҷаҳон рухдода собит мекунад. Гурўҳҳои ифротгароӣ-экстремистӣ бо номҳои гуногун: «Ҳизб-ут-таҳрир», «ал-Қоида», «Акромия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», ва ғайра андешаву амалҳои вайронкоронаи экстремистии хешро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Чанд соли охир дар мамлакатҳои мусулмоннишини Шарқи наздик ташкилоти экстремистии ғайриқонунии ба ном Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ) зуҳур намуда, ба хунрезиҳои зиёд, муҳоҷирати иҷбории аҳолии зиёд сабаб гардид. ДИИШ сараввал дар ибтидои солҳои 2000-ум ҳамчун гурўҳи созмони террористии «ал-Қоида» пайдо шуда, сипас ба сифати ташкилоти мустақил ба фаъолият пардохтааст. Фаъолияти ДИИШ собит мекунад, ки экстремизм то кадом андоза нооромӣ, марг, офату харобиро ба бор меоварад.
Экстремизм дар кадом шакле намоён нагардад, асоси онро андешаву тафаккури носолим ташкил медиҳад. Тафаккури носолим дар заминаи таъсири шахсиятпарастӣ, худбинӣ, бегонашавии иҷтимоӣ дар феълу атвори инсон ба вуҷуд меояд. Экстремизм, ифротгароӣ дар натиҷаи дарку эҳсос ва баҳодиҳии нодурусти воқеаву ҳодисаҳои ҷамъият ташаккул меёбад. Вайрон шудани тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ дар ҷамъият, риоя нагардидани қонун, қоида ва меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ, авҷ гирифтани маҳалгароӣ, хешу таборчигӣ, шиносбозӣ, амалҳои коррупсионӣ ва амсоли онҳо боиси пайдо шудани ғояҳои вайронкор, заиф гаштани асосҳои ҳокимият мегардад ва охиру оқибат ҳаракатҳои экстремистиро ба вуҷуд меорад.
Аз ин бармеояд, ки экстремизм дар кадом шакл зуҳур накунад, он маҳсули муҳити носолим ва муносибатҳои носолими иҷтимоӣ мебошад. Агар дар бораи ДИИШ сухан ронем, аз рўзи таъсисёбиаш он якчанд маротиба номашро иваз намуд. Сарвари он Абўбакри Бағдодӣ (номи аслиаш Саид Иброҳим Аввад Бадрӣ) худро «халифа» эълон намуда, ин ташкилотро «Давлати исломӣ» ном гузошт. Мақсади аслии ин ташкилот ҳимояи ислом набуда, мубориза алайҳи мақсадҳои поки дину этиқоди исломӣ мебошад. Дар натиҷаи мушоҳидаи фаъолияти ДИИШ ва дигар созмонҳои экстремистӣ тасаввуроти нодуруст дар бораи мафҳумҳои «ҷиҳод», «ҳиҷрат», «халифа» ва ғ. пайдо мешаванд.
Тарафдорони гурўҳҳои экстремистӣ, алахусус ДИИШ андешаҳои бофтаи салафиро шиори худ намуда, ҳатто ба таври ошкоро нақшаи вайрон кардани шаҳри Макка ва хусусан Каъбаро тарҳрезӣ мекунанд. Зери ниқоби ҷиҳоди исломӣ ҳамарўза ҳазорҳо одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Ҳатто ба куштори кўдакон, занҳо ва пиронсолон даст мезананд. Аз расонаҳои хабарии Интернет ба таври намоишкорона қатл намудани асирон, оташ задану лагадкўб намудани сарҳои буридаи асиронро намоиш медиҳанд. Имрўз ягон давлат, ҳатто уламои олами ислом ДИИШ-ро эътироф накардаанд. Дар асл ин ташкилот бо дини мубини ислом ягон алоқамандие надорад. Мақсади асосии ҷонибдорони гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароён бо кадом роҳе набошад ҳокимиятро ғасб намудан, низоми кўҳнаи ба каъри таърих фурўрафтаро эҳё намудан аст.
Мутаасифона, ДИИШ тарафдорони худро дар Тоҷикистон низ пайдо намуд. Чанд нафар шаҳрвандони гумроҳшудаи кишварамон ба сафи ҷангиёни ин давлати ба ном исломӣ пайваст шуда, дар амалиёти террористии Шарқи Наздик иштирок мекунанд.
Чӣ бояд кард, ки пеши роҳи ин қабил амалҳои номатлуб гирифта шавад? Терроризму экстремизм (ифротгароӣ) дин, миллат, Ватан надорад. Дар замони муосир алайҳи терроризму экстремизм муборизаи маънавӣ, мафкуравӣ ва ғоявӣ ба роҳ монда шудааст. Барои дарки моҳияти муборизаи ғоявӣ мо бояд аз таълимоту ақида, фалсафаву ҳуқуқшиносӣ, фарҳангу ахлоқи исломӣ бархурдор бошем. Дар фаҳмонидани моҳияти онҳо бояд олимони ҷомеашинос (муаррихон, файласуфон, сотсиологҳо, сиёсатшиносон, фарҳангшиносон, диншиносон), рўзноманигорон – таҳлилгарони сиёсӣ пешсаф бошанд.
Роҳи муҳими мубориза алайҳи ақидаҳои бегона, ифротгароиву терроризм ин тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ба ҷавонон бояд пеш аз ҳама маълумоти бештар доир ба афроди номвар, шахсиятҳои мондагори таъриху фарҳанг, ҳаёт ва фаъолияти олимону адибон, китобҳои эҷоднамудаи онҳо пешниҳод гардад. Бояд дар тафаккури насли наврас фаъолияти уламову удабо, олимони мутасаввиф, ҳадиснигорону фақеҳон, ки дар рушди фарҳанги исломӣ нақши мунир гузоштаанд, ҷойгир карда шавад, то ки онҳо аз моҳияти аслии дини мубини ислом бархурдор бошанд ва кўр – кўрона аз ҳар гуна мазхабу гурўҳҳои ифротгаро пайгирӣ нанамоянд. Арзишҳои ахлоқӣ, таълимоти ирфониву фалсафӣ, донишҳо оид ба инсон ва камолоти ў, андешаҳо роҷеъ ба поксириштӣ, таҳаммулпазирӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил медиҳанд, имрўз дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, камолоти ахлоқиву маънавии ҷавонон бояд нақши муҳим бозанд.
Исомитдинов Ҷ.Б.