Иштироки намояндагони ДДҲБСТ дар тренинги байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои навини Созмони умумиҷаҳонии савдо дар Ҳиндустон

Боиси хушнудист, ки ба дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н. и. и., дотсент Аминов Дадохон Ғайбуллоевич,  барои иштирок дар барномаи махсуси таълимӣ,  бахшида ба масъалаҳои навини Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ва савдои байналмилалӣ, ки рӯзҳои 04-15 феврали соли 2025, аз ҷониби Донишкадаи савдои байналмилалии Ҳиндустон (Маркази омӯзиши СУС) баргузор мегардад, даъватнома ирсол гардид.

Иштироки Аминов Д.Ғ. дар ин барномаи бонуфуз  бо назардошти таҷрибаи касбӣ ва малакаи илмии ӯ аҳамияти хоса дорад. Барномаи мазкур барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Дар доираи барномаи мазкур  дотсент Аминов Д.Ғ. дар семинарҳо, тренингҳо ва лексияҳои сатҳи баланд бо иштироки коршиносони маъруфи байналмилалӣ ширкат варзида, масъалаҳои муосири сиёсати савдо, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълимро омӯзад. Инчунин, барнома ба омӯзгор имконият медиҳад, ки бо намояндагони донишгоҳҳои бонуфуз ва марказҳои тадқиқотии ҷаҳонӣ робитаҳои илмӣ ва касбӣ барқарор намояд, ки ин  ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ мусоидат хоҳад кард.

Донишу малакаҳои бадастовардашуда барои такмили раванди таълим, боло бурдани сифати таҳсилот ва таҳкими нуфузи донишгоҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки айни замон дар арафаи шомил шудан ба ТОП-1000 донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, тавассути чунин дастовардҳои устодону муҳаққиқонаш рейтинг ва обрӯи байналмилалии худро боз ҳам боло хоҳад бурд.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои фароҳам овардани чунин имкониятҳои омӯзишӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ талош менамояд ва минбаъд барои иштироки устодон ва муҳаққиқони донишгоҳ дар барномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like