Баргузории чорабинии илмию фарҳангӣ бахшида ба Соли нави чинӣ дар ДДҲБСТ
Робитаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Чин дар солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфтаанд. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии ду кишвар дар самтҳои омӯзиши забон, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин таҳқиқоти муштарак ҳамкории фаъол доранд.
Санаи 28 январи соли 2025 дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ чорабинии илмию фарҳангӣ, бахшида ба ҷашнгирии соли нави чинӣ баргузор гардид. Дар чорабини мазкур декани факултет, дотсент Майнусов Д.Ф., муовини директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон Менг Сианкай, омӯзгорони Донишкадаи Конфутсий Янг Десиа ва Сун Мингзи, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Шарипов К.К. ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро декани факултет, дотсент Майнусов Д.Ф. оғоз намуда, оид ба аҳаммияти рушди робитаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Чин таъкид намуд.
Сипас, муовини директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон Менг Сианкай ба сухан баромада, оид ба муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Чин, махсусан дар соҳаи илму маориф, табодули донишҷўёну омўзгорон байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ёдовар шуда қайд кард, ки Донишкадаи Конфутсий бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тўли 8 сол ҳамкорӣ намуда, ҷонибҳо аз рушди он дар ҳамаи бахшҳо қаноатманд мебошанд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ барномаи рангини фарҳангиро пешниҳод намуданд, ки дар он унсурҳои фарҳангии ҳарду кишвар, аз ҷумла шеърхонӣ, намоиши ҳунарҳои миллӣ ва мусиқии анъанавӣ пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, ба иштирокчиёни фаъоли барномаҳо аз ҷониби садорати факултет сипосномаҳо супорида шуд. Чорабинӣ бо фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷамъбаст гардид.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва баланд бардоштани эҳтироми байнифарҳангӣ мусоидат хоҳад намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа