Ҷашни Сада – ифодагари таърих ва тамаддуни мардуми ориёитабор

31 январи соли ҷорӣ тибқи нақшаи китобхонаи илмӣ бахшида ба  ҷашни Сада маҳфили илмию маърифатӣ таҳти унвони “Ҷашни Сада – ифодагари таърих ва тамаддуни мардуми ориёитабор”, дар ҳамҷоягӣ бо устодони кафедраи таърих ва диншиносӣ доир гардид.

Сараввал, директори китобхонаи илмӣ Гулнора Ҳайдарова ба сухан баромада қайд намуд, ки  ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳаммияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Танҳо ба шарофати озодиву истиқлоли давлатӣ он эҳё гашт ва соли панҷум аст, ки дар кишвари мо ин оини мардумӣ ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, профессор Фурқат Ҳомидзода  дар мавзуи “Аз таърихи Ҷашни Сада”, намояндаи  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Сардор Абдуллоев дар мавзуи “Фарҳанги миллӣ – муҳимтарин омили тарбия”, мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ, дотсент Манзура Ҳомидова дар мавзуи “Сада – ҷашни миллии тоҷикон”, муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносӣ Умедҷон Қаҳҳоров дар мавзуи “Нақши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашнҳои миллӣ”, мудири  шуъбаи тарбия Маъруфҷон Ҳасанов, раиси КМИК–и донишгоҳ Муродҷон Исоқов, намояндаи филиали иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳ  Муҳаммадалӣ Ҳоҷиев баромад намуда қайд  карданд, ки Сада на танҳо ҷашн, балки қадргузорӣ ба фарҳанги тоҷикон дар тамоми давраҳо мебошад. Ин рамз ҳамчун рамзи дарки васеъ ва баланди зиндагӣ, имкониятҳои нав ва шукргузории мардуми заҳматкаш аз табиати афсункору заҳмати мардуми нусратшиор аст. Иштироки ҷавонон ва насли ҷавон дар чунин чорабиниҳо муҳим аст, зеро онҳо медонанд, ки барои сохтани оянда ва таҳкими ваҳдат муҳим ва зарур аст. Ҷашни Сада рамзи муносибати инсон ва табиат мебошад, мо бояд ин ҷашнро бо худшиносӣ ва ҳассосият таҷлил кунем, то ки арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дорем.

Баъди суханронӣ ва маърузаҳои пурмуҳтавои устодон, аз ҷониби намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Сардор Абдуллоев, барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ, бахшида ба  ҷашни Сада як қатор устодон бо Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии сардори Раёсат Бахтиёр Исматзода сарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба меҳмони олиқадр тўҳфаи раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

                                                                                                                        Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like