НАҚШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЭҲЁИ АФКОРИ НИЁГОН ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ

5 феврали соли 2025 дар ҳошияи ироа гардидани  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми  декабри соли 2024 ҳамоиши илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи афкори ниёгон ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ» бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ баргузор карда шуд.

Дар рафти ҳамоиши мазкур суханони ифтитоҳии Тоҷзод Далер Ҳамропур – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ, Кенҷаев Шўҳратҷон Юсуфович номзади илмҳои ҳукуқшиносӣ, дотсент, декани факултети ҳуқуқшиносӣ ироа карда шуд.

Сипас,  маърузаҳо аз ҷониби Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳукуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи афкори ниёгон ва рушди илми ҳуқуқшиносӣ», Қодирзода Мирзоқодир Аюб – номзади илмҳои ҳукуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети  ҳукуқшиносӣ дар мавзуи «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ташаккули  ғояҳои муосири экологӣ – ҳуқуқӣ» ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Дар чорабинии илмии мазкур муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва ҳайати омўзгорону донишҷўёни факултет иштирок намуданд.

Ҳамоиши илмӣ бо мубоҳиса ва саволу ҷавоб роҷеъ ба мавзуи матраҳгардида ба анҷом пазируфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like