Натиҷаҳои назаррас ва масири рушд дар фаъолияти ДДҲБСТ
04 феврали соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони васоити ахбори омма доир шуд. Нишасти матбуотӣ дар бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорон аз расонаҳои ҷумҳуриявиву маҳаллӣ ширкат намуданд.
Нишасти матбуотӣ дар донишгоҳ аз шиносоӣ бо дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ оғоз шуд.
Сипас, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода ба намояндагони васоити ахбори омма доир ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод.
Дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти самтҳои мухталифи донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ маълумот тариқи видеонавор (слайдҳо) пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки имрўз дар шаш факултети донишгоҳ дар зинаҳои бакалавр аз рўи 49 ихтисос, дар зинаи магистратура аз рўи 12 ихтисос ва дар зинаи докторантура (PhD) аз рўи 9 ихтисос мутахассисон омада карда мешаванд. Таҳким бахшидани заминаҳои моддию техникии раванди таълим ба ҷорӣ намудани ихтисосҳои наву замонавӣ мусоидат намуда, дар соли таҳсили 2024-2025 вобаста ба талаботи бозори меҳнат 13 ихтисоси нав, асосан дар самти омўзгорӣ ва техникӣ таъсис ёфтанд, ки қабули донишҷўён дар соли нави таҳсил аз рўи ихтисосҳои мазкур низ ба роҳ монда мешавад.
Илова гардид, ки соли таҳсили 2024-2025 нақшаи қабули довталабон пурра иҷро гардида, донишгоҳ байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар вобаста ба иҷрои сифатнок ва саривақтии нақшаи қабул дар ҷойи дуюм қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ иброз кард, ки ҷиҳати такмили таълим ва омўзиши забонҳои русиву англисӣ, соли равон дар 58 гурўҳи академӣ машғулиятҳо бо забони русӣ, дар 11 гурўҳ бо забони англисӣ ва дар 4 гурўҳ бо забони хитоӣ гузаронида шуданд, ки ин тадбир барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Дар маҷмуъ, назар ба соли гузашта, шумораи гурўҳҳои русиву англисӣ 20 адад зиёд шудааст.
Илова шуд, боиси хушнудист, ки санаи 25 октябри соли 2024 дар конференсияи илмию амалӣ, ки дар доираи таҷлили 10-солагии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор карда шуд, Шурои диссертатсионии назди ДДҲБСТ бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои диссертатсионии беҳтарин дониста шуд. Давраи ҳисоботӣ дар назди донишгоҳ боз ду Шурои дигар – Шурои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўи ихтисос, доир ба ихтисосҳои 6D030101–назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рўйи ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат ва Шурои диссертатсионӣ, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўйи ихтисосҳои 6D060100 – Математика (6D060102 – муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ) ва 6D070500 – Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ (6D070502 – амсиласозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рўйи ихтисосҳои 01.01.00 – Математика (01.01.02 – муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ) ва 05.13.00 – Информатика, техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ (05.13.18 – амсиласозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо) таъсис дода шуд.
Бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида давоми соли 2024 донишҷўёни Донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар ин давра ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ низ тақвият ёфт ва корҳо дар ин самт идома доранд. Ректори донишгоҳ махсусан таъкид намуд, ки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ кӯшиш доранд то ДДҲБСТ ба рейтинги ҳазоргонаи беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷаҳон шомил гардад.
Корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатӣ низ идома дода мешаванд.
Дар идомаи нишаст, байни ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. бо хабарнигорони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ суолу ҷавоб ва сўҳбати ошкоро сурат гирифт. Рӯзноманигорон аз ректори донишгоҳ бобати баргузории ҳамоишҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар гурӯҳҳо, таъсиси бештари факултети муштарак, таҳсили ройгон ва имкониятҳо дар ин самт, фаъолияти Парки технологӣ ва монанди инҳо саволҳо пешниҳод карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо. ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода барои иштирок дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО изҳори сипос намуда, онҳоро барои ҳамкории минбаъда даъват намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа