Хар ҳамону лек…
Аҳли устодон ва омӯзгорони кафедраи мазкур баъди мутолиаи мақолаи сомонаи Паём.нет, ки таҳти унвони «Бузургтарин хидмати як мақомдор ин аст, ки пулу моли миллатро надуздад» хондем, ба ваҷҳ омадем. Зеро Кабирӣ ва тими ифротии бори дигар аз худ дарак доданд.
Ба ҳамагон маълум аст, роҳбари Паймони миллӣ мулло Кабирӣ, ки чанд дафъа инҷониб давоми 2 ё 2,5 соат гуфтугӯи мустақимеро гӯё бо мардуми Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Аз фишурдаи гуфтугӯи онлайнии Кабирӣ бармеояд, ки дар гуфтугўи мустақим бисёр суолҳо ворид шудаанд. Ба монанди: Чаро раиси ТЭТ ҲНИ ва ҳамзамон Паймони навтаъсис баъди баста шудани ҳизбаш ва ҳатто пас аз таъсиси Паймони миллӣ, низ хомӯш буд ва гуфтугӯе бо мардум надошт?
Ва ҷавоб аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ чунин будааст: «ин тавр ҳам набуд, ки комилан бо мардум сӯҳбат накарда бошем, гоҳ-гоҳ бо муносибатҳои гуногун бо мардум сӯҳбат мекардем». Мо нафаҳмидем, ки Кабирӣ ба гуфтаҳои худ, муқобил баромада истодааст, ба монанди комилан бо мардум сӯҳбат накарда бошем, гоҳ-гоҳ бо муносибатҳои гуногун бо мардум сӯҳбат мекардем. Ин ибораҳои сӯҳбат накарда бошем, сӯҳбат мекардем гуфта, чиро дар назар дошта бошад. Сўҳбат дар кадом мавзўъ бошад, баъди сўҳбат кадом масъалаҳоро ҳал карда тавонистанд.
Мо нафаҳмидем, барои чӣ Кабирӣ худро боз раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон номидааст. Ў раиси ТЭТ ҲНИ буд, соли 2015 фаъолияти ин ҳизбро қатъ карда шуд, барои чӣ боз Кабирӣ иброз менамояд, Паймони миллӣ таъсис шуду фаъолияти наҳзат аз нав бозсозӣ гардид. Баъди кайдҳои Кабирӣ мақоли машҳури халқӣ, ки “Хар ҳамону тўқумаш дигар” ба ёд оварда метавон.
Аъзои Паймони миллӣ ин ҳамон аъзоён ифротии наҳзатанд, ки амалиётҳои ношунидану ногуфтаниро ташкил ва гузаронида истодаанд. Беҳтар мешуд, дар ҳар куҷо гурўҳҳо таъсис нанамуда, паҳлў ба паҳлў бо давлату миллати тоҷик истода, барои рушду нумўи Тоҷикистони соҳибистоқлол саҳм мегузоштанд. Лек куҷо он саҳмгузориҳои наҳзатиён дар роҳи хайру ободкорӣ.
Аз ин лиҳоз, устодони кафедраи мазкур мақолаҳои ифротиву иғвоангези сомонаи наҳзатиён Паём.нетро маҳкум менамоем. Хоҳони онем, ки Кабирӣ ва кабирипарастҳо (пайравони ӯ) бо кору гапи бекора овора нашуда, коре кунанд, ки ба манфиати мардуми тоҷик бошад, на бар зиёну зарар.
Изҳороти устодони кафедраи
тарбияи ҷисмонии ДДҲБСТ