НАМОИШИ КИТОБҲО ДАР ДДҲБСТ

Аз санаи 12 то 16 ноябри соли 2024 мувофиқи нақшаи ҳафтаинаи китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар факултетҳо ба хотири ҷалби бештари донишҷӯён ба китобхонаву китобхонӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҷараёни дарсҳо бо маводи таълимӣ – “ҳафтаи китобхонаи илмӣ” ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони “Рӯзи  Президент – Рӯзи ифтихори миллат” баргузор гардид. Тули ҳафтаи мазкур  аз ҷониби кормандони китобхона барои ниёзҳои иттилоотии истифодабарандагон муаррифии адабиёти тозанашр доир ба ихтисосҳои донишгоҳ ташкил карда шуд.
Дар намоиши китоб бештар асарҳои Пешвои муаззами миллат барои донишҷӯёну толибилмон ҷолибу шавқманд буд, зеро ин асарҳо дар ҳақиқат ақидаҳои баландарзиш дошта, дар асоси маъхазҳои таърихӣ навишта шудааст. Асарҳо аз пайдоишу ташаккули миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва фаъолияти фарзандони баруманди халқи тоҷик, ки дар давраҳои  гуногун илмҳои ҷаҳониро ривоҷу равнақ бахшидаанд, нақл мекунад ва барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ҳамчун дастуру роҳнамо мебошад. Дар ҳамоиш донишҷӯён фаъолона иштирок намуда,  мувофиқи завқу хоҳиши худ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ғайра китоб пайдо карданд. Бархе аз устодону донишандӯзон ҳамчун донандаи асарҳои мазкур байни худ табодули афкор намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

You might also like