Падидаҳои номатлубу хатарафзо дар ҷомеа

Дар баробари фароҳам омадани сулҳу субот, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи имрӯза омилҳое низ ба назар мерасанд, ки ба халалдор гаштани амнияти миллии кишвар нигаронида шудаанд.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзоиш ва густариши экстремизм ва терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Мусаллам аст, ки фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ, шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим ва таблиғи ғояҳои ин зуҳурот, инчунин сафарбар гардидани шаҳрвандон ба марказҳои экстремистиву террористӣ ҳамчун падидаҳои хавфнок дар ҷомеа маҳсуб меёбанд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.

Ин гуфтаҳои Сарвари давлат моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба масъалаи мазкур эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.

Бояд зикр намуд, ки аъзоёни ташкилоти террористӣ ин қабил ҷиноятҳоро асосан дар заминаи андешаҳои ифротгароёнаи динӣ, паст будани маърифати динӣ, тарғиби бартарии онҳо аз нигоҳи муносибаташон ба равияҳои гуногуни  дини Ислом содир менамоянд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Ба андешаи мо, ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол омилҳои барангезандаи кинаву адовати динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд. Аз ин лиҳоз, ошкору бартараф кардани онҳо на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад.

Тарғибу ташвиқи қонунҳои ҷорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаро таъмин хоҳанд кард.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна таҳдидҳо дар мадди аввали давлату ҳукумат ва қишри ҷомеа қарор мегирад. Дар мубориза ба муқобили ин амалҳои номатлуб зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошанд. Дар баробари мақомоти дахлдор, ки бевосита дар ин самт кору фаолият мебаранд, тамоми қишри ҷомеаро зарур аст, ки дар решакан кардани терроризму экстремизм камари ҳиммат банданд.

Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок, чи дар сатҳи саросарии миллӣ ва чи дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Қабл аз ҳама, бояд ҳар як афроди ҷомеа равшан ва амиқ дарк намояд, ки мо чӣ ҳадаф дорем, чӣ роҳро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоҳем кард, ки оромиву осоиштагиро таъмин намоем.

Раҳматуллоева Р.Р. устоди ДДҲБСТ

You might also like