Андеша оид ба қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”.
Дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, ки 22-юми сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, Пешвои Миллат, Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ кард. Мавзӯи асосии иҷлосия «Ҳеч касро пушти сар нагузорем: якҷоя барои пешрафти сулҳ, рушди устувор ва шаъну шарафи инсон барои наслҳои ҳозира ва оянда» буд. Дар ин рӯйдод Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ барои рушди устувор, мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ва зарурати нигоҳдории сулҳро баррасӣ намуд. Ӯ дар суханрониаш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масоили тағйирёбии иқлим, ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти коҳиш додани фақр ва рушди иқтисодии кишварҳои хурду калон ҷалб кард. Ҳамчунин, дар мавзӯи таҳкими амният, бехатарӣ, ва ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо хатарҳо, аз ҷумла терроризм ва қочоқи инсон таъкид гардид.
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун як созмони байналмилалӣ дар раванди ҳифзи сулҳ нақши муҳими роҳбариро дорад. Қатъномаҳои ин созмон маъмулан ба мубориза бо ҷангҳо, муноқишаҳои мусаллаҳона ва мушкилоти ҷаҳонӣ бахшида мешаванд. Қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар заминаи таъмини амният ва пешгирии муноқишаҳо нигаронида шудааст. Дар он таъкид мешавад, ки сулҳи ҳақиқӣ на танҳо қатъи ҷанг аст, балки инъикоси волоияти қонун, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон мебошад. Таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда маънои таъмини муҳити мӯътадил ва бехатарро дорад, ки дар он одамон метавонанд аз ҳуқуқҳои худ баҳраманд гарданд. Сулҳи пойдор метавонад сабаби рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, бартарафсозии камбизоатӣ ва таъмини амнияти инсон гардад. Ба ҳамин далел, қатънома ба ҳамгироии ҷавонон, занон ва гурезагон дар раванди сулҳ низ аҳамият медиҳад. Онҳо ҳамчун наслҳои оянда бояд дар тасмимгириҳои сулҳпарварона ва ташаккули сиёсати байналмилалӣ ширкат кунанд. Қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” як ташаббуси муҳим дар заминаи таъмини сулҳ дар ҷаҳон мебошад. Ҳамкории байналмилалӣ, ташаббусҳои маҳаллӣ ва таълими арзишҳои сулҳпарварӣ барои амалӣ гардидани ин қатънома нақши муҳим мебозанд. Сулҳи пойдор танҳо дар натиҷаи муоширати васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан ҷавонон, ҳосил мешавад. Таҳкими сулҳ бояд як ҳадафи аслии ҳар як давлат ва созмон бошад, то ки наслҳои оянда тавонанд дар як ҷаҳон бидуни ҷанг ва муноқиша зиндагӣ кунанд.
Ачилова Дилоромхон Исмоиловна,
мудири шуъбаи забономӯзӣ ва курси тайёрии ДДҲБСТ