Иғвои навбатии хоинон аз сафари Президент ба Аврупо

Сулҳу субот, оромӣ дар кишварамон  барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин мақсад талошӣ меварзад. Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии ҳама гуна падидаҳои номатлуби ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ғайриқонунӣ интиқолёбии маводҳои мухаддир, силоҳ, ва дигарҳо таъмин карда истодааст.

Аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват меорад, ки  ба таъмини сулҳу субот дар тамоми олам таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Яке аз ин ҳадафҳо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои баҳамдўсти аврупоӣ мебошад. Имрўзҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ин ҳадафҳо дар кишварҳои Фаронса ва Шветсария сафари расмии корӣ доранд.

Дар шабакаи иҷтимоӣ иттилоотеро наҳзатиён паҳн гардидааст бо номи: “Баъди се сол: Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар мекунад” чоп омадааст, ки муаллифи он ғояҳои муғризона дошта, чӣ гуфтанашро намедонад.

Воқеан ҳам Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хоричии кишварро ҳамчун “сиёсати дарҳои кушод” пеш мебаранд ва сафарҳои кории судмандро ба кишварҳои ба мо дӯст пеш мегиранд, ки барои рушди давлати миллии мо некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.

Нотавонбинони ношукр ба монанди Кабирию дигар косалесони хоҷаҳои хоричӣ гапи мегуфтаашон намондааст, ки сафари расмии Пешвои миллатро зери суханҳои пучи худ мегиранд.

Бояд таъкид кард, ки давлатҳои Аврупо ба ғайр азшахсони манфури душманони миллати моро устухон медода боз ҳукумати қонунӣ доранд. Палидони Паймони ғайриқонунии миллӣ ҳеч гоҳ ба ҳайати расмӣ рӯ ба рӯ шуда наметавонанд.

Бояд арз кунам, ки душманони миллат дар ҳама ҷо ки бошанд, мардуми тоҷикро бадном кардан мехоҳанд, зеро на ғурури миллӣ доранд ва на дӯстдори ин халқу ин миллатанд. Агар ин палидони миллатситез ғурури миллӣ медошанд, ба ботлоқи расвоӣ ва бадтиннативу бадрӯзгорӣ ғӯта намезаданд.

Ҳамин тариқ мо бояд, дар ин рўзҳои бошукўҳу фараҳманд, қабули 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз ёд фаромўш насозем: «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Ҳама гуна фикру андешаҳо, иғвою дасисабозиҳо, кўшишҳои нодурусти ғайриқонунӣ харгиз ба мақсади худ намерасанд.

Самадов Б. О. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like