ДДҲБСТ: Мулоқоти ректори донишгоҳ бо сардорони гуруҳҳои таълимӣ
Имрӯз, 29 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода бо сардорони гуруҳҳои таълимии донишгоҳ доир гардид. Дар мулоқот муовинони ректор, деканони факултетҳои донишгоҳ, сардорони гуруҳҳои таълимӣ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғоз, роҳбари донишгоҳ вобаста ба таваҷҷӯҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф изҳори назар карда, иброз дошт, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бояд аз пештара дида бештар меҳнат намоем то ба дастовардҳои илмиву таҳқиқотӣ комёб гардида, шогирдони ватандӯсту хештаншинос, мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат, забондон ва дорои қобилияти баланд омода намоем. Ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. диққати иштирокчиёнро ба вазъи печидаи ҷаҳони муосир, пайдо гардидани гуруҳҳои манфиатҷӯ ҷалб намуда, ба устодону донишҷӯён таъкид кард, ки ҳамеша ҳушёри зирак бошанд ва дар мубориза ба ин қабил гуруҳҳо бетарафӣ зоҳир нанамоянд. Дӯстдори сарзамини худ, марзу бум гардида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳибистиқлолӣ саҳмгузор бошанд.
Омӯзиши амиқи машғулиятҳои таълимӣ, эҳтироми волидайн ва калонсолон, тақвияти ахлоқи ҳамида, маърифати ҳуқуқиву донишҳои сиёсӣ, инсондӯстӣ, риояи ҳатмии либосҳои тавсиявӣ, арҷгузорӣ ба либоси миллӣ ва мубориза ба бегонапарастӣ, дурӣ ҷустан аз амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ ва ҷинояткорӣ, муборизаи шадид ба ифротгароӣ, пешгирии амалҳои номатлуб ва мубориза бо коррупсия, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ аз масъалаҳои дигаре буданд, ки дар мулоқоти ректори донишгоҳ бо сардорони гуруҳҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Илова шуд, ки дар донишгоҳ тамоми шароиту имкониятҳои муосири таҳсил фароҳам гардидааст, танҳо донишҷӯёнро лозим аст, ки пайваста омӯзанд ва мутахассисони варзида шуда, ба давлату миллати худ хизмат намоянд.
Дар интиҳо иброз гардид, ки дар донишгоҳ Стипендияи раёсати донишгоҳ таъсис гардидааст. Донишҷӯёнро зарур аст пайваста хонанд ва ба гирифтани чунин идрорпулиҳо комёб гарданд.