Муаррифии ДДҲБСТ ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
10 феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи мактаби хонандагони болаёқати ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти роҳбарони муассисаҳои касбии олии вилоят бо хатмкунандагон доир шуд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода дар вохӯрӣ ширкат варзида, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ба хатмкунандагон муаррифӣ кард. Иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмии худро тибқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар асоси Иҷозатнома аз рўи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи Аккредитатсияи давлатӣ ва байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз шаш факултет, 29 кафедра иборат буда, дар донишгоҳ барои донишҷӯён беҳтарин шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон дар донишгоҳ китобхонаи илмиву электронӣ, хобгоҳ барои донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва маҷмааи варзишии замонавӣ иборат аз ду ошёна бо 400 ҷойи нишаст бо фарогирии толор барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, толори варзиши сабук, толор барои бозии шоҳмот ва тенниси рӯи мизӣ муҷаҳҳаз бо лавозимотҳои варзишии муосир амал менамояд.
Сипас, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи донишгоҳ аз ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода перомуни ихтисос ва имтиёзҳои фароҳамнамудаи раёсати донишгоҳ, мавҷуд будани Стипендияҳо дар донишгоҳ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ пурсон шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳо, ректори донишгоҳ ҷиҳати ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоиди мулоқоту вохӯриҳо бо хатмкунандагон ва ҳамкории судманд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сипоснома тақдим кард.
Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳо дигар идома дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа